Дархости судури қатънома барои маҳкумияти дастандаркорони террори ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ
(last modified Sun, 02 Jan 2022 05:49:58 GMT )
Январ 02, 2022 10:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости судури қатънома барои маҳкумияти дастандаркорони террори ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ

Муовини иртиботот ва пайгирии иҷрои Қонуни асосии муовинати ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар номае ба раиси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид хоҳони судури қатънома барои маҳкумияти дастандаркорони террори генерал Қосими Сулаймонӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар номаи Азизуллоҳи Фазлӣ омадааст : Ду сол аз ҷинояти боварнопазири террори номашрӯъи сардор Қосими Сулаймонӣ, шаҳрванд ва мақоми аршади давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар ҳоли анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар хоки кишвари Ироқ буд, сипарӣ шуд . Масъулияти мустақими ин ҷинояти хушунатбори байналмиллалӣ тавассути раиси ҷумҳӯри вақти давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди пазириш қарор гирифт .
Фазлӣ тасреҳ кард : Солҳост, ки арсаи зисти ҷамъии давлатҳо шоҳиди бурузи падидори номубораки мавсум ба якҷонибагароии ифротии давлати Амрикост, ки муҷаввизи ҳар гуна нақзи муқаррарот ва қавоиди байналмиллалии маншурӣ ва фароманшуриро барои ин давлат маҳфуз меангорад .
Муовини иртиботот ва пайгирии иҷрои Қонуни асосии муовинати ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хотирнишон кард : Барои посдошти сулҳу амнияти байналмиллалӣ барои такрими низоми байналмиллали ҳуқуқи башар ба манзури ҳалли ва фасли мусолиматомези ихтилофоти байналмиллалӣ ба манзури посдошти усули умумии ҳуқуқи байналмиллал аз ҷумла асли баробарӣ, асли ҳокимияту тамомати арзӣ, ба ҷиҳати тавсеаи равобити дӯстонаи байнидавлатӣ ба манзури тадовуми ҳамбастагии иҷтимои байналмиллалӣ  барои тақбеҳи амали таҷовуз, барои тақбеҳи ҷиноят алайҳи башарият ва барои таҳкими ҳукумати қонӯн дар арсаи зисти ҷаҳонӣ пешниҳод мешавад, ки ин маҷмаъи муаззам аз тамомии ибтикороти қонунии мундараҷ дар ҳудуди ихтиёроти худ аз ҷумлаи судури қатънома  зимни тақбеҳи ҷинояти террори мақомоти давлатӣ ва дипломатӣ тавассути як давлат, тадбире дар ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҷиноёте дар оянда намояд .