Васиятномаи шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ
Васиятномаи Шаҳид Қосими Сулаймонӣ
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Шаҳодат медиҳам, ба усули дин
Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ ва ашҳаду анна Амиралмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб ва авлодуҳул маъсумина исно ашар, аимматуно ва маъсуминано ҳуҷаҷуллоҳ.
Шаҳодат медиҳам, ки қиёмат ҳақ аст. Қуръон ҳақ аст. Биҳишту ҷаҳаннам ҳақ аст. Саволу ҷавоб ҳақ аст. Маод, адл, имомат, нубувват ҳақ аст.
Худоё, туро сипос, ки маро сулба ба сулб, қарн ба қарн, аз сулбе ба сулбе мунтақил кардӣ ва дар замоне иҷозати зуҳур ва вуҷуд додӣ, ки имкони дарки яке аз барҷастатарин авлиёятро, ки қарину қариби маъсумин аст, абди солеҳат Хумайнии Кабирро дарк кунам ва сарбози рикоби ӯ шавам.
Агар тавфиқи саҳобаи расули аъзамат Муҳаммади Мустафоро надоштам ва агар бебаҳра будам аз мазлумияти Алӣ ибни Абутолиб ва фарзандони маъсум ва мазлумаш, маро дар ҳамон роҳе қарор додӣ, ки онҳо дар ҳамон масир, ҷони худро, ки ҷони ҷаҳон ва хилқат буд, тақдим карданд.
Худовандо, туро шукргузорам, ки пас аз абди солеҳат, Хумайнии азиз, маро дар масири абди солеҳи дигаре, ки мазлумияташ аъзам аст бар солеҳияташ, марде, ки ҳакими имрӯзи ислом ва ташайюъ ва Эрон ва ҷаҳони сиёсии ислом аст, Хоманаии азиз, - ки ҷонам фидои ҷони ӯ бод, - қарор додӣ.
Парвардигоро, туро сипос, ки маро бо беҳтарин бандагонат дар ҳам омехтӣ ва дарки бӯса бар гунаҳои биҳиштии онон ва истишмоми бӯи атри илоҳии онон – яъне муҷоҳидин ва шуҳадои ин роҳро, ба ман арзонӣ доштӣ.
Худовандо, эй Қодири Азиз ва эй Раҳмони Раззоқ, пешонии шукри шарм бар остонат месоям, ки маро дар масири Фотимаи Атҳар ва фарзандонаш дар мазҳаби ташайюъ – итри ҳақиии ислом, қарор додӣ ва маро аз ашк бар фарзандони Алӣ ибни Абутолиб ва Фотимаи Атҳар баҳраманд намудӣ; чӣ неъмати узмое, ки болотарин ва арзишмандтарин неъматҳоят аст; неъмате, ки дар он нур аст, маънавият, беқарорӣ, ки дар даруни худ болотарин иқрорҳоро дорад, ғаме, ки оромиш ва маънавият дорад.
Худовандо, туро сипос, ки маро аз падару модари фақир, аммо мутадаййин ва ошиқи Аҳли Байт ва пайваста дар масири покӣ баҳраманд намудӣ. Аз ту оҷизона мехоҳам онҳоро дар биҳиштат ва бо авлиёят қарин кунӣ ва маро дар олами охират, аз дарки маҳзарашон баҳраманд фармо.
Худоё, ба афви ту умед дорам
Эй Худои Азиз ва эй Холиқи Ҳакими беҳамто! Дастам холист ва кулапуштии сафарам холӣ, ман бидуни баргу тӯшае ба умеди зиёфати афву карами ту меоям. Ман навиштае барнагирифтаам; чун фақирро дар назди Карим чӣ ҳоҷатест ба тӯшаву барг?!
Соруқ, чоруқам пур аст аз умед ба ту ва фазлу карами ту; ҳамроҳи худ ду чашми баста овардаам, ки сарвати он дар канори ҳамаи нопокиҳо, як захираи арзишманд дорад ва он гавҳари ашк бар Ҳусейни Фотима аст; гавҳари ашки дифоъ аз мазлум, ятим, дифоъ аз маҳсури мазлум дар чанги золим.
Худовандо, дар дастони ман чизе нест; на барои арза чизе доранд ва на қудрати дифоъ доранд, аммо дар дастонам чизеро захира кардаам, ки ба ин захира умед дорам ва он равон будани пайваста ба сӯи туст, вақте онҳоро ба самтат баланд кардам, вақте онҳоро бароят бар замин ва зону гузоштам, вақте силоҳро барои дифоъ аз динат ба даст гирифтам; инҳо сарвати дасти ман аст, ки умед дорам, қабул карда бошӣ.
Худовандо, пойҳоям суст аст, рамақ надорад. Ҷуръати убур аз пуле, ки аз ҷаҳаннам убур мекунад, надорад. Ман дар пули одӣ ҳам пойҳоям меларзад, вой бар ман ва сироти ту, ки аз мӯ бориктар асту аз шамшер бурандатар, аммо як умеде ба ман навид медиҳад, ки мумкин аст наларзам, мумкин аст наҷот пайдо кунам. Ман бо ин поҳо дар ҳарамат по гузоштаам, даври хонаат чархидаам ва дар ҳарами авлиёят дар Байнулҳарамайни Ҳусену Аббосат онҳоро бараҳна давондам ва ин поҳоро дар сангарҳои тӯлонӣ, хамида ҷамъ кардам ва дар дифоъ аз динат давидам, ҷаҳидам, хазидам, гиристам, хандидаму хандондам ва гиристаму гирёндам; афтодаму баланд шудам. Умед дорам он ҷаҳиданҳову хазиданҳо ва ба ҳурмати он ҳаримҳо, онҳоро бибахшӣ.
Худовандо, сари ман, ақли ман, лаби ман, гӯши ман, қалби ман, ҳамаи аъзову ҷавореҳам дар ҳамин умед ба сар мебаранд; ё Арҳамар Роҳимин!
Маро бипазир; покиза бипазир; ончунон бипазир, ки шоистаи дидорат шавам. Ҷуз дидори туро намехоҳам, биҳишти ман ҷавори туст, ё Аллоҳ!
Худоё! Аз корвони дӯстонам ҷо мондаам
Худованд, эй Азиз! Ман солҳост аз корвоне ба ҷо мондаам ва пайваста касонеро ба сӯи он равона мекунам, аммо худ ҷо мондаам, аммо ту худ медонӣ ҳаргиз натавонистам онҳоро аз ёд бибарам. Пайваста ёди онҳо, номи онҳо, на дар зеҳнам, балки дар қалбам ва дар чашмам, бо ашку оҳ ёд шуданд.
Азизи ман! Ҷисми ман дар ҳоли алил шудан аст. Чӣ гуна мумкин аст касе, ки чиҳил сол бар дарат истодаро напазирӣ?!
Холиқи ман, маҳбуби ман, ишқи ман, ки пайваста аз ту хостам саросари вуҷудамро мамлув аз ишқ ба худат кунӣ; маро дар фироқи худ бисӯзону бимирон.
Азизам! Ман аз беқарорӣ ва расвоии мондагӣ, сар ба биёбонҳо гузоштаам; ман ба умеде аз ин шаҳр ба он шаҳр ва аз ин саҳро ба он саҳро дар зимистону тобистон меравам.
Карим, Ҳабиб, ба карамат дил бастаам, ту худ медонӣ дӯстат дорам. Хуб медонӣ ҷуз туро намехоҳам. Маро ба худат муттасил кун.
Худоё, ваҳшат ҳамаи вуҷудамро фаро гирифтааст. Ман қодир ба маҳори нафси худ нестам, расвоям накун. Маро ба ҳурмати касоне, ки ҳурматашонро бар худат воҷиб кардаӣ, қабл аз шикастани ҳариме, ки ҳарами онҳоро хадшадор мекунад, маро ба қофилае, ки ба сӯят омаданд, муттасил кун.
Маъбуди ман, ишқи ман ва маъшуқи ман, дӯстат дорам. Борҳо туро дидаму ҳис кардам, наметавонам аз ту ҷудо бимонам. Бас аст, бас. Маро бипазир, аммо ончунон ки шоистаи ту бошам.
Хитоб ба бародарон ва хоҳарони муҷоҳидам...
Хоҳарон ва бародарони муҷоҳидам дар ин олам, эй касоне, ки сарҳои худро барои Худованд ория додаед ва ҷонҳоро ба кафи даст гирифта ва дар бозори ишқбозӣ ба шавқи фурӯш омадаед, иноят кунед:
Ҷумҳурии Исломӣ, маркзи ислом ва ташайюъ аст. Имрӯз қароргоҳи Ҳусейн ибни Алӣ, Эрон аст.
Бидонед, Ҷумҳурии Исломӣ ҳарам аст ва ин ҳарам агар бимонад, дигар ҳарамҳо мемонад. Агар душман, ин ҳарамро аз байн барад, ҳараме боқӣ намемонад, на Ҳарами Иброҳимӣ ва на Ҳарами Муҳаммадӣ(с).
Бародарон ва хоҳаронам! Ҷаҳони Ислом пайваста ниёзманди раҳбарист; раҳбарии муттасил ба мансуби шаръӣ ва фиқҳии маъсум. Хуб медонед, муназзаҳтарин олими дин, ки ҷаҳонро такон дод, исломро эҳё кард, яъне Хумайнии Бузург ва поки мо, вилояти фақеҳро танҳо нусхаи наҷотбахши ин уммат қарор дод; лизо чӣ шумо, ки ба унвони шиа ба он эътиқоди динӣ доред ва чӣ шумо, ки ба унвони суннӣ, эътиқоди ақлӣ доред, бидонед, бояд ба дур ҳар гуна ихтилоф, барои наҷоти ислом, хаймаи вилоятро раҳо накунед. Хайма, хаймаи Расулуллоҳ аст. Асоси душмании ҷаҳон бо Ҷумҳурии Исломӣ оташ задан ва вайрон кардани ин хайма аст, даври он бичархед. Валлоҳ, валлоҳ, валлоҳ, ин хайма агар осеб бинад, Буйтуллоҳил Ҳаром ва Мадина ҳарами Расулуллоҳ ва Наҷаф, Карбало, Козимайн, Сомирро ва Машҳад боқӣ намемонад; Қуръон осеб мебинад.
Хитоб ба бародарон ва хоҳарони эронӣ...
Бародарон ва хоҳарони азизи эронии ман, мардуми пурифтихор ва сарбаланд, ки ҷони ман ва амсоли ман, ҳазорон бор фидои шумо бод, ҳамчунон ки шумо садҳо ҳазор бор, ҷонро фидои ислом ва Эрон кардед; аз усул муроқибат кунед, усул яъне валии фақеҳ, хусусан ин ҳакими мазлуми вораста дар дин, фиқҳ, ирфон, маърифат; Хоманаии азизро ҷони худ бидонед, ҳурмати ӯро аз муқаддасот бидонед.
Бародарон ва хоҳарон, падарон ва модарони ман!
Ҷумҳурии Исломӣ имрӯз сарбаландтарин давраи худро тай мекунад. Бидонед муҳим нест, ки душман чӣ нигоҳе ба шумо дорад, душман ба паёмбари шумо чӣ нигоҳе дошт ва чӣ гуна бо Паёмбари Худо ва авлодаш амал карданд, чӣ иттиҳомоте ба ӯ заданд, чӣ гуна бо фарзандони мутаҳҳари ӯ амал карданд? Мазаммати душманон ва шамотати онҳо ва фишори онҳо шуморо дучори тафриқа накунад.
Бидонед, ки муҳимтарин ҳунари Хумайнии азиз ин буд, ки аввал исломро ба пуштибонии Эрон оварда ва сипас Эронро дар хидмати ислом қарор дод. Агар ислом набуд ва агар руҳи исломӣ бар ин миллат ҳоким набуд, Саддом чун гурги дарандае ин кишварро медарид; Амрико чун саги ҳоре ҳамин амалро мекард, аммо ҳунари Имом ин буд, ки исломро пуштибон овард; ошуро ва муҳаррам, сафару фотимияро ба пуштибонии ин миллат овард, инқилобҳое дар инқилоб эҷод кард, ба ин далел, дар ҳар давра ҳазорон фидокор ҷони худро сипари шумо ва миллати Эрон ва хоки Эрон ва ислом намудаанд ва бузургтарин қудратҳои моддиро залили худ намудаанд.
Азизонам, дар усул ихтилоф накунед.
Шуҳадо меҳвари иззату каромати ҳамаи мо ҳастанд; на барои имрӯз, балки барои ҳамеша инҳо ба дарёи восеаи Худованди Субҳон иттисол ёфтаанд. Онҳоро дар чашм, дил ва забони худ бузург бубинед, ҳамон гуна ки ҳастанд. Фарзандонатонро бо номи онҳо ва тасовири орнҳо ошно кунед. Ба фарзандони шуҳадо, ки ятимони ҳамаи шумо ҳастанд, ба чашми адабу эҳтиром бингаред. Ба ҳамсарон ва падарону модарони онон эҳтиром кунед, ҳамон гуна ки аз фарзандони худ бо иғмоз мегузаранд, онҳоро дар набуди падарон, модарон, ҳамсарон ва фарзандони худ, таваҷҷӯҳи хос кунед.
Нируҳои мусаллаҳи худро, ки имрӯз валии фақеҳ фармондеҳи онон аст, барои дифоъ аз худатон, мазҳабатон, ислом ва кишвар эҳтиром кунед ва нируҳои мусаллаҳ мебоист ҳамонанди дифоъ аз хонаи худ, аз миллати худ ва навомис ва арзи он ҳифозат ва ҳимоят ва адабу эҳтиром кунанд ва нисбат ба миллат ҳамон гуна ки Амиралмӯъминин мавлои муттақиён фармуд, нируҳои мусаллаҳ мебоист маншаи иззати миллат бошад ва қалъа ва паноҳгоҳи мустазъафин ва мардум бошад ва зинати кишвараш бошад.
Хитоб ба мардуми азизи Кирмон
Нуктае ҳам хитоб ба мардуми азизи Кирмон дорам; мардуме, ки дӯстдоштанианд ва дар тӯли ҳашт сол Дифои Муқаддас болотарин фидокориҳоро анҷом доданд ва сардорон ва муҷоҳидони бисёр воломақомеро тақдими ислом намуданд. Ман ҳамеша шармандаи онҳо ҳастам. Ҳашт сол сол ба хотири ислом ба ман эътимод карданд; фарзандони худро дар қатлгоҳҳо ва ҷангҳои шадиде чун Карбалои 5 Валфаҷри 8, Тариқул Қудс, Фатҳул Мубин, Байтулмуқаддас ва... равона карданд ва лашкари бузургу арзишмандеро ба ном ва ба ишқи имоми мазлум Ҳусейн ибни Алӣ ба номи Сораллоҳ, бунёнгузорӣ карданд. Ин лашкар ҳамчун шамшере буранда, борҳо қалби миллатамон ва мусалмонҳоро шод намуд ва ғамро аз чеҳраи онҳо зудуд.
Азизон! Ман бино ба тақдири илоҳӣ имрӯз аз миёни шумо рафтаам. Ман шуморо аз падару модарам ва хоҳарону бародарони худ бештар дӯст медорам, чун бо шумо бештар аз онҳо будам; зимни ин ки ман пораи тани онҳо будам ва онҳо пораи вуҷуди ман, аммо онҳо ҳам қабул карданд, ман вуҷудамро назри вуҷуди шумо ва миллати Эрон кунам.
Дӯст дорам Кирмон ҳамеша ва то охир бо вилоят бимонад. Ин вилоят, вилояти Алӣ ибни Абутолиб аст ва хайма, хаймаи Ҳусейни Фотима аст, даври он бигардед. Бо ҳамаи шумо ҳастам. Медонед дар зиндагӣ ба инсоният ва отифаҳо ва фитратҳо бештар аз рангҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳ кардам. Хитоби ман ба ҳамаи шумост, ки маро аз худ медонед, бародари худ ва фарзанди худ медонед. Васият мекунам исломро дар ин бурҳа, ки тадоиёфта дар Инқилоби Исломӣ ва Ҷумҳурии Исломӣ аст, танҳо нагузоред. Дар масоили сиёсӣ онҷо ки баҳси ислом, Ҷумҳурии Исломӣ, муқаддасот ва вилояти фақеҳ матраҳ мешавад, инҳо ранги Худо ҳастанд; ранги Худоро бар ҳар ранге тарҷеҳ диҳед.
Хитоб ба хонаводаи шуҳадо...
Фарзандонам, духтарон ва писаронам, фарзандони шуҳадо, падарон ва модарони боқимонда аз шуҳадо, эй чароғҳои фурӯзони кишвари мо, хоҳарон ва бародарон ва ҳамсарони вафодор ва мутадаййини шуҳадо! Дар ин олам, савте, ки рӯзона ман мешунидам ва маънус бо он будам ва ҳамчун савти Қуръон ба ман оромиш медод ва бузургтарин пуштибони маънавии худ медонистам, садои фарзандони шуҳадо буд, ки баъзан рӯзона бо он маънус будам; садои падару модари шуҳадо буд, ки вуҷуди модар ва падарамро дар вуҷудашон эҳсос мекардам.
Азизонам! То пешкисватони ин миллатед, қадри худатонро бидонед. Шаҳидатонро дар худатон ҷилвагар кунед, ба тавре ки ҳар кас шуморо мебинад, падари шаҳид ё фарзанди шаҳидро, биайниҳ худи шаҳидро эҳсос кунад, бо ҳамон маънавият, салобат ва хусусият.
Хоҳиш мекунам маро ҳалол кунед ва афв намоед. Ман натавонистам ҳаққи лозимро перомуни хеле аз шумоҳо ва ҳатто фарзандони шаҳидатон адо кунам, ҳам истиғфор мекунам ва ҳам талаби афв дорам.
Дӯст дорам ҷанозаамро фарзандони шуҳадо бар дӯш гиранд, шояд ба баракати асобати дастони поки онҳо бар ҷасадам, Худованд маро мавриди иноят қарор диҳад.
Хитоб ба сиёсиюни кишвар...
Нуктаи кӯтоҳ, хитоб ба сиёсиюни кишвар дорам: чӣ онҳое, ки ислоҳталаб худро меноманд ва чӣ онҳое, ки усулгаро. Ончӣ пайваста дар ранҷ будам ин ки умуман мо дар ду мақтаъ, Худо ва Қуръон ва арзишҳоро фаромӯш мекунем, балки фидо мекунем.
Азизон, ҳар рақобате бо ҳам мекунед ва ҳар ҷадале бо ҳам доред, аммо агар амали шумо ва каломи шумо ё мунозираҳоятон ба наҳве тазъифкунандаи дин ва инқилоб буд, бидонед шумо мағзуби Набии Мукаррами Ислом ва шуҳадои ин роҳ ҳастед; марзҳоро тафкик кунед. Агар мехоҳед бо ҳам бошед, шарти бо ҳам будан, тавофуқ ва баёни сареҳ ҳавли усул аст. Усул, мутаввалу муфассал нест. Усул иборат аз чанд асли муҳим аст:
Аввали онҳо эътиқоди амалӣ ба вилояти фақеҳ аст; яъне ки насиҳати ӯро бишнавед, бо ҷону дил ба тавсия ва тазаккуроти ӯ, ба унвони табиби ҳақиқии шаръӣ ва илмӣ, амал кунед. Касе, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳад масъулиятеро эҳроз кунад, шарти асоии он ин аст, ки эътиқоди ҳақиқӣ ва амал ба вилояти фақеҳ дошта бошад.
Ман на мегӯям вилояти танӯрӣ ва на мегӯям вилояти қонунӣ; ҳеч як аз ин ду, мушкили ваҳдатро ҳал намекунад; вилояти қонунӣ, хосси оммаи мардум, аъам аз муслим ва ғайримусалмон аст, аммо вилояти амалӣ махсуси масъулин аст, ки мехоҳанд бори муҳимми кишварро бар дӯш бигиранд, он ҳам кишвари исломӣ бо ин ҳама шуҳадо!
Эътиқоди ҳақиқӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ ва ончӣ мабнои он будааст; аз ахлоқ ва арзишҳо то масъулиятҳо; чӣ масъулият дар қиболи миллат ва чӣ дар қиболи ислом.
Бакоргирии афроди покдаст ва муътақид ва хидматгузор ба миллат, на афроде ки ҳатто агар ба мизи як деҳистон ҳам бирасанд, хотираи хонҳои собиқро тадоӣ мекунанд.
Муқобила бо фасод ва дурӣ аз фасод ва таҷаммулотро шеваи худ қарор диҳанд.
Дар давраи ҳукумат ва ҳокимияти худ дар ҳар масъулияте, эҳтиром ба мардум ва хидмат ба ононро ибодат бидонанд ва худ хидматгузори воқеӣ, тавсиагари арзишҳо бошанд, на бо тавҷеҳоти воҳӣ, арзишҳоро бойкут кунанд.
Масъулин ҳамонанди падарони ҷомеа мебоист ба масъулияти худ перомуни тарбият ва ҳаросат аз ҷомеа таваҷҷуҳ кунанд, на бо бемуболотӣ ва ба хотири эҳсосот ва ҷалби бархе аз орои эҳсосии зудгузар, аз ахлоқиёте ҳимоят кунанд, ки талоқ ва фасодро дар ҷомеа тавсиа диҳад ва хонаводаҳоро аз ҳам бипошонад. Ҳукуматҳо омили аслӣ дар истеҳкоми хонавода ва аз тарафи дигар, омили муҳимми аз ҳам пошидани хонавода ҳастанд ва як рақобати саҳеҳ бар пояи ҳамин усул барои интихоби аслаҳ сурат мегирад.
Хитоб ба бародарони сипоҳӣ ва артишӣ...
Каломе кӯтоҳ, хитоб ба бародарони сипоҳии азиз ва фидокор ва артишиҳои сипоҳӣ дорам:
Милоки масъулиятҳоро барои интихоби фармондеҳон, шуҷоату қудрати идораи буҳрон қарор диҳед.
Табиист ба вилоят ишора намекунам, чун вилоят дар нируҳои мусаллаҳ ҷузъ нест, балки асоси бақои нируҳои мусаллаҳ аст, ин шарти халанопазир мебошад. Нуктаи дигар, шинохти бамавқеъ аз аҳдоф ва сиёсатҳои ӯ ва ахзи тасмими бамавқеъ ва амали бамавқеъ; ҳар як аз инҳо агар дар ғайри вақти худ сурат гирад, бар пирӯзии шумо асари ҷиддӣ дорад.
Хитоб ба уламо ва мароҷеи муаззам
Сухани кӯтоҳе аз як сарбози чиҳилсола дар майдон, ба уламои азимушшаън ва мароҷеи гаронқадр, ки муҷиби рушаноии ҷомеа ва сабаби зудудани торикӣ; мароҷеи тақлид, сарбозатон аз бурҷи дидбонӣ дид, ки агар ин низом осеб бинад, дин ва ончӣ аз арзишҳои он ки шумо дар ҳавзаҳо устухон хурд кардаед ва заҳмат кашидаед, аз байн меравад.
Ин давраҳо бо ҳамаи давраҳо мутафовит аст. Ин бор агар мусаллат шуданд, аз ислом чизе намемонад. Роҳи саҳеҳ, ҳимояти бидуни ҳар гуна мулоҳиза аз инқилоб, Ҷумҳурии Исломӣ ва валии фақеҳ аст.
Набояд дар ҳаводис, дигарон шуморо, ки умеди ислом ҳастед, ба мулоҳиза биандозанд. Ҳамаи шумо Имомро дӯст доштед ва муътақид ба роҳи ӯ будед. Роҳи Имом мубориза бо Амрико ва ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ ва мусалмонони таҳти ситами истикбор, таҳти парчами валии фақеҳ аст.
Ман бо ақли ноқиси худ медидам, бархе ханносон саъй доштанд ва доранд, ки мароҷеъ ва уламои муассир дар ҷомеаро бо суханони худ ва ҳолати ҳақбаҷонибӣ ба сукут ва мулоҳиза бикашонанд. Ҳақ возеҳ аст; Ҷумҳурии Исломӣ ва арзишҳо ва вилояти фақеҳ, мероси Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) ҳастанд ва мебоист мавриди ҳимояти ҷиддӣ қарор гиранд. Ман ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Хоманаиро хеле мазлуму танҳо мебинам. Ӯ ниёзманди ҳамроҳӣ ва кӯмаки шумост ва шумо ҳазарот бо баёнатон ва дидорҳоятон ва ҳимоятҳоятон бо эшон мебоист ҷомеаро ҷиҳат диҳед. Агар ин инқилоб осеб дид, ҳатто замони шоҳи малъун ҳам нахоҳад буд, балки саъйи истикбор бар илҳодгарии маҳз ва инҳирофи амиқи ғайриқобили баргашт хоҳад буд.
Дасти муборакатонро мебӯсам ва узрхоҳӣ мекунам, аз ин баён, аммо дӯст доштам дар шарафёбиҳои ҳузурӣ ба маҳзаратон арз кунам, ки тавфиқ ҳосил нашуд.
Сарбозатон ва дастбӯсатон.
Аз ҳама талаби афв дорам
Аз ҳамсоягонам ва дӯстонам ва ҳамкоронам талаби бахшишу афв дорам. Аз размандагони лашкари Сораллоҳ ва нируи боазамати Қудс, ки хори чашми душман ва садди роҳи ӯст, талаби бахшишу афв дорам; хусусан аз касоне, ки бародарона ба ман кӯмак карданд.
Наметавонам аз Ҳусейни Пурҷаъфарӣ ном набарам, ки хайрхоҳона ва бародарона маро мисли фарзанде кӯмак мекард ва мисли бародаронам дӯсташ доштам. Аз хонаводаи эшон ва ҳамаи бародарони разманда ва муҷоҳидам, ки ба заҳмат андохтамашон узрхоҳӣ мекунам. Албатта ҳамаи бародарони нируи Қудс ба ман муҳаббати бародарона дошта ва кӯмак карданд ва дӯсти азизам сардор Қоонӣ, ки бо сабру матонат маро таҳаммул карданд.