Таҳлилгари фаронсавӣ: Амрико буздилона сипаҳсолор Қосими Сулаймониро ба шаҳодат расонд 
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123588-Таҳлилгари_фаронсавӣ_Амрико_буздилона_сипаҳсолор_Қосими_Сулаймониро_ба_шаҳодат_расонд
Порс-Тудей. Як таҳлилгари фаронсавӣ амали Амрикоро дар ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ хонд.
(last modified 2025-12-26T16:29:23+00:00 )
Декабр 26, 2025 21:27 Asia/Dushanbe
  • Сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
    Сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

Порс-Тудей. Як таҳлилгари фаронсавӣ амали Амрикоро дар ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ хонд.

Сардори сипаҳсолор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 3 январи соли 2020, дар ҳоле ки бо даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои таҷовузгар ва террористи амрикоӣ наздикии фурудгоҳи Бағдод, ҳамроҳи Абумаҳдӣ Муҳандис, муовини раиси Басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъбӣ) ва 8 нафари дигар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Арнауд Девелай (Arnaud Develay), вакили байналмилалӣ ва таҳлилгари сиёсии фаронсавӣ амали Иёлоти Муттаҳидаро дар ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ донист.

Вай таъкид кард, ки Амрико бетаваҷҷӯҳ ба конвенсияҳои байналмилалӣ, буздилона сипаҳсолор Қосими Сулаймониро ба шаҳодат расонд.

Ӯ гуфт: Дар ҳақиқат ин сардор бисёр ба Раҳбари инқилоби исломӣ наздик буд ва Амрико бидуни таваҷҷуҳ ба конвенсияҳои байналмилалӣ тасмим ба таррори ӯ гирифт.

Девелай афзуд: Нуктаи муҳим ин аст, ки Амрико дар афкори умумӣ ҳамчун як давлат саркаш ва бетаваҷҷуҳ ба ҳамаи конвенсияҳо матраҳ мешавад. Ҳамон тавр ки дар мавриди эъмоли таҳримҳо мушоҳида шуд ва ҳатто иқдомоти якҷониба монанди хуруҷи якҷонибаи Амрико аз Барҷом.

Ин вакили фаронсавӣ афзуд, масъалаи шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар Ироқ, масъалаи рафтори Амрикоро бо кишварҳое нишон дод, ки ба онҳо нақши миёнҷӣ барои наздик кардани кишварҳои минтақа ба якдигар дода мешавад, аммо тамомияти арзии онҳо аз ҷониби Вашингтон нақз мешавад. Чунки амали Амрико дар Ироқ давлати ин кишварро шарманда кард ва Бағдодро дар шароити печида қарор дод.