Эрон бо вуҷуди таҳримҳо дастовардҳои чашмгире дар тавонмандсозии занон доштааст
(last modified Wed, 19 Jan 2022 05:21:48 GMT )
Январ 19, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо вуҷуди таҳримҳо дастовардҳои чашмгире дар тавонмандсозии занон доштааст

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Теҳрон барои нақши занон дар тавсеаи иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва низ ҳаёти сиёсиву фарҳангии ҷомеаи Эрон аҳамияти зиёде қоил аст.

Маҷиди Тахтиравончӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал бо мавзуи “Занон, сулҳ ва амният” ба таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон ишора кард ва афзуд, бо вуҷуди эъмоли таҳримҳои Амрико, ки ноқизи қонунҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи аввалияи занону духтарон, ба вижа ҳаққи тавсеаи онҳост, дар Эрон дастовардҳои чашмгире дар тавонмандсозии занону духтарон, аз ҷумла дар ҳавзаи омӯзишу таҳсилот ҳосил шудааст.

Тахтиравончӣ дар ин нишаст ҳамчунин бо ишора ба нақшу ҷойгоҳи занон дар таҳаввулоти иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва зиндагии сиёсии кишварҳо хотирнишон кард, дар вазъиятҳои низои даргириҳо, талошҳо бояд бар расидагӣ ба илали решаии хушунат алайҳи занон мутамаркиз шавад, дар вазъиятҳои пас аз ҷанг ҳам рӯйкарди аслӣ бояд ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва тазмини мушорикати онҳо дар ҳаллу фасли мунозиот, фарояндҳои сулҳ ва ҳамчунин фаъолиятҳои башардӯстона бошад.

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал дар идома ба вазъияти занон дар Ғарби Осиё ишора кард ва гуфт, ин минтақа ҳамчунон шоҳиди таъсироти мухарриби ишғолгарӣ ва мудохилоти хориҷӣ ва ҳамчунин фаъолиятҳои террористӣ аст, ки занону духтаронро ҳадаф қарор медиҳанд.

Маҷиди Тахтиравончӣ афзуд, қадимитарин маврид дар воқеъ вазъияти занони фаластинӣ аст, ки ҳамчунон аз паёмадҳои чандин даҳа ишғол ва нақзи ҳуқуқи башар ранҷ мебаранд.

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар СММ дар ин нишаст ба таҳаввулоти Афғонистон ҳам ишора кард ва гуфт, Эрон бар ин бовар аст, ки ҳимоят аз ҳуқуқи башари ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла занону духтарон, мушорикати онҳо дар фароянди сулҳу амният ва ҳамчунин ормонҳои машруи онҳо бояд тазмин шавад.

Тахтиравончӣ дар поён бо таъкид бар ин ки масоили марбут ба занону духтарони таҳти ихтиёроти Маҷмаи умумӣ ва соири ниҳодҳои муртабити СММ гуфт, Шӯрои амният бояд танҳо замоне ба ин мавзуъ расидагӣ кунад, ки мустақиман ба ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ муртабит бошад.

 

Барчасп