Январ 19, 2022 11:58 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон: Фурсате матлуб барои тавсеаи тиҷорат

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, барпоии шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон фурсате матлуб барои тавсеаи тиҷорат ва фасли навине дар равобити ду кишвар аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар вебинари тақвияти ҳамкориҳои тиҷории Эрон ва Тоҷикистон, ки дар маҳалли намоишгоҳи байналмилалии Машҳад, шимоли шарқи Эрон баргузор шуд, афзуд: Лозимаи афзоиши тиҷорати хориҷии Эрон бо Тоҷикистон, осонсозии сафар ва рафтуомад ба ин кишвар аст, ки хушбахтона бо доир шудани парвози Теҳрон – Душанбе ва Машҳад - Душанбе ин иттифоқ муяссар шуд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ниёзшносии бозори Тоҷикистон гуфт, ниёзи ҷомеаи ҳадаф дар ин кишвар бояд ба таври дақиқ баррасӣ ва шиносоӣ шавад ва таъмиқи ҳузури Эрон дар бозорҳои ҳадафи содиротӣ дар гарави шинохти дурусти ниёзҳои масрафкунандагон дар кишвари мақсад аст.

Раҳмутуллоҳ Хурмолӣ, раиси Идораи Осиёи Марказии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон низ гуфт, бо талошу ҳадафгузории суратгирифта, пешбинӣ мешавад ҳаҷми мубодилот миёни 2 кишвари Эрон ва Тоҷикистон то соли 2030 ба солона 500 миллион доллар афзоиш ёбад.

Хурмолӣ афзуд, тибқи ҳадафгузории иқтисодии суратгирифта то чаҳор соли оянда (1404) ҳаҷми содироти Эрон ба Тоҷикистон аз рақами 55 миллион доллар бояд ба 200 миллион доллар афзоиш пайдо кунад.

Шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон марти 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.

 

 

 

 

Барчасп