Январ 26, 2022 10:41 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ шомгоҳи сешанбе дар барномаи зиндаи телевизионӣ ширкат кард
    Сайид Иброҳими Раисӣ шомгоҳи сешанбе дар барномаи зиндаи телевизионӣ ширкат кард

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, дар сурате, ки тарафҳо омода бошанд, ки таҳримҳои золимонаро алайҳи миллати Эрон лағв кунанд, ҷо барои ҳар гуна тавофуқ комилан вуҷуд дорад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ шомгоҳи сешанбе дар барномаи зиндаи телевизионӣ бо баёни ин ки маҳсули сафару дидор бо мақомоти кишварҳо бояд таъмини манофеи кишвар ва тавсеа дар ҳамаи заминаҳо бошад ва лабханд задан бидуни дастовард барои миллат суде надорад, гуфт: Агар дар музокироти ҷорӣ тарафҳои муқобил омода бошанд таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эронро бардоранд, заминаи тавофуқ вуҷуд дорад.

Раиси ҷумҳурии Эрон дар посух ба ин суол, ки музокироти Вена чӣ гуна пеш меравад ва чунончӣ дархости амрикоиҳо барои музокираи мустақим ба шакли ҷиддӣ матраҳ шавад, мавзеи Эрон чӣ хоҳад буд, изҳор дошт: Ин дархост муддатҳост, ки матраҳ мешавад, вале то кунун музокира бо амрикоиҳо сурат нагирифтааст.

Раисӣ бо баёни ин ки бинои давлаташ таомул бо ҳамаи дунёст, афзуд: Таомул бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро, ки бихоҳанд бо мо таомул дошта бошанд, дунбол хоҳем кард, аммо кишварҳое ки бихоҳанд тақобул дошта бошанд, табиатан мо дар муқобили онҳо муқовимат хоҳем кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ бо ишора ба ин ки давлат эҷоди тавозунро дар сиёсати байналмилал дунбол мекунад, гуфт: Зарфияти азими тиҷорӣ ва иқтисодӣ метавонад бо 15 ҳамсоякишвар барқарор шавад.

Вай дар идома ба қисматҳое аз сафари ахираш ба Маскав ишора карду афзуд: Дар масоили молӣ ва пулӣ бо русҳо иттифоқи назар дорем, ки султаи доллар бояд шикаста шавад ва бо арзи миллии худамон мубодилоти тиҷорӣ анҷом диҳем.

Раисӣ бо баёни ин ки ҳазфи тарофаи содирот байни Теҳрон ва Маскав метавонад қиматҳоро хеле мутафовит кунад, афзуд: Нигоҳи мусбати Русия дар ҳавзаи ҳазфи тарофа метавонад боис шавад, ки дар ҳавзаи колоҳои асосӣ тиҷорат дошта бошем.

Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамаи пружаҳову тасмимот дар сафар ба Маскавро дар ҷиҳати манофеи мардуми Эрон ва дар ҷиҳати тавсеаи иқтисодӣ ва иртиқои сиёсати ҳамсоягӣ арзёбӣ кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп