Таҳлил: Таъкиди раиси Ҷумҳурии Эрон бар тавсеаи равобит бо ҳамсоягон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Эрон ба дунболи густариши таомул бо ҳамаи кишварҳо, ба вижа кишварҳои ҳамсоя ва мусалмон аст.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ин суханро дар маросими дарёфти устуворномаи Исмоил Абдулманоп, сафири ҷадиди Бруней дар Теҳрон баён кард.
Давлати сенздаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кори худ дар 12 мурдоди 1400 (3 августи 2021) нишон дод, ки ба тавозун дар сиёсати хориҷӣ муътақид аст ва тавсеаи ҳамкориҳо бо ҳамсоягон ва кишварҳои мусалмон дар авлавияти барномаҳои хориҷияш қарор дорад.
Тавозун дар сиёсати хориҷӣ
Идеаи мутавозинсозии сиёсати хориҷӣ дар давлати сенздаҳуми Эрон дар айни таваҷҷуҳ ва таъкид бар равобити қудратҳои Шарқу Ғарб, ба дунболи рад кардани ғарбгароӣ маҳз дар равобити хориҷӣ аст.
Сайид Иброҳими Раисӣ пештар дар ойини савгандёдкунии раёсати ҷумҳурӣ дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо ишора ба дигаргуниҳои ҷаҳони кунунӣ таъкид кард. Таъмини манофеи миллатҳо вобаста ба дарки ҷаҳони ҷадид ва таомули роҳбурдӣ бо қудратҳои навзуҳур ва сиёсати хориҷии муваффақ ва мутавозин аст.
Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ, назири паймони Шанхай ва Созмони ҳамкориии иқтисодии ЭКО аз ҷумлаи мисдоқҳои мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сенздаҳум дунбол мешавад.
Аз вижагиҳои сиёсати хориҷии мутавозини Эрон он аст, ки зимни таваҷҷуҳ ба авлавиятҳо, аз фурсатҳо дар дигар ҳавзаҳои ҷаҳонӣ низ барои таъмини ҳадиаксарии манофеи миллӣ истифода мекунад.
Ройзаниҳои Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтоёни аврупоӣ дар ҷараёни сафар ба Ню-Йорк ва ҳамчунин музокироти Эрон бо аъзои 4+1 (Русия, Чин, Британия, Фаронса ва Олмон) дар бораи лағви таҳримҳо, аз ҷумла иқдомоти давлати сенздаҳум дар ҷиҳати мутавозинсозии сиёсати хориҷӣ аст.
Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён дар ин бора гуфтааст, ройзанӣ бо 18 вазири хориҷаи кишварҳои аврупоӣ нишон медиҳад, ки сиёсати нигоҳ ба Шарқ ба маънои канор гузоштани комили Ғарб нест.
Тақвияти дипломатии иқтисодӣ ва сиёсати ҳамсоягӣ
Ҳамакнун бархе нооромиҳо дар Ғарби Осиё идома дорад ва Амрико низ маҷбур ба хуруҷ аз минтақа шуда аст бар ҳамин асос ниёз ба ҳамгароии кишварҳои минтақа, ки умдатан кишварҳои исломӣ ҳастанд, барои муқобила бо таҳдидҳо ва ҳамчунин эҷоди фурсатҳои иқтисодӣ барои таъмини манофеи миллатҳо, пеш аз гузашта аҳамият ёфтааст.
Дар ҳамин росто давлати сенздаҳуми Эрон таъкид бар авлавияти кишварҳои ҳамсоя ва мусалмон, ҳам тақвияти дипломатии иқтисодиро дунбол мекунад ва ҳам бо афзоиши таомулот ва муносиботи тиҷоратӣ бо ин кишварҳо сабаби коҳиши танишҳо ва ихтилофот дар минтақа шудааст.
Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон дар ин бора гуфтааст: Сиёсатҳои ҳамсоягӣ ҷузви авлавияти сиёсати хориҷии давлати сенздаҳум аст, имрӯз барои тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя талоши хубе сурат мегирад, баъзе аз кудуратҳо ҳам, ки бо баъзе аз ҳамсоягон матраҳ буд рафъ шудааст, равобити хориҷӣ бо ҳамсоягон дорем, ки бояд онро тавсеа диҳем.
Эрон дорои 7 ҳамсояи марзӣ ва 10 ҳамсояи соҳилӣ аст, ки фурсатҳои бешумореро барои дипломатияи иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон фароҳам овардааст, фарҳанги Эрон дар бисёре аз кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз каму беш дида мешавад, вуҷуди зарфиятҳои густарда ва ҳамчунин осонии муносибатҳо бо ин кишварҳо дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ сабаб шудааст давлати сенздаҳуми Эрон дар чандҷонибагароии иқтисодӣ, нигоҳи вижа ба кишварҳои ҳамсоя дошта бошад.
Сафари Раисӣ ба Тоҷикистон ва узвият дар паймони Шанхай, сафар ба Туркманистон ва ҳузур дар ҷаласаи ЭКО, сафар ба Русия ва омодасозии муқаддамоти имзои санади роҳбурдии бистсола бо ин кишвар, тарсими нақшаи роҳи равобити Теҳрон-Боку ва ҳамчунин сафарҳои минтақаии вазири умури хориҷаи Эрон, аз гомҳои мусбати давлати сенздаҳум барои таҳаққуқи сиёсати ҳамсоягӣ маҳсуб мешавад.
Бештар бихонед: