Дидори муовини сафири Эрон дар Афғонистон бо вазири тиҷорати Толибон
Муовини сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон ва вазири саноат ва тиҷорати Толибон дар дидоре дар бораи густариши равобити тиҷории ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.
Сайид Ҳасан Муртазавӣ дар дидор бо Нуриддин Азизӣ дар бораи осонсозии равобити тиҷории ду кишвар ва ташкили кумитаи марзӣ дар тарафи марзи Афғонистон баҳсу табодули назар карданд.
Вазири саноат ва тиҷорати Толибон бо қадрдонӣ аз сабукиҳои эҷодшудаи Эрон барои тоҷирони афғонистонӣ, хостори афзоиши муҳлати 3 моҳаи содироти сӯхти дизелӣ ба Афғонистон шуд.
Азизӣ ҳамчунин аз Эрон хост то илова бар сӯхти дизелӣ, иҷозаи транзити бензин низ аз Эрон ба Афғонистон содир шавад.
Муртазавӣ дар посух ба ин дархост таъкид кард, масъулони марбута дар Эрон дар ҷараёни ин дархост қарор хоҳанд гирифт ва ибрози умедворӣ кард, ки сабукиҳои лозим фароҳам шавад.