Январ 30, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Лағви таҳримҳо, ростиозмоӣ ва замонати муътабар мабонии асосии тавофуқ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонии раиси ҷумҳурии Фаронса таҳримҳо, ростиозмоӣ ва замонати муътабар мабонии асосии тавофуқ унвон кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонии Эмануэл Макрон-раиси ҷумҳурии Фаронса бо ишора ба эътирофи Амрико ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ гуфт: Ҷумҳурии исломӣ дар фароянди музокирот иродаву ҷиддияти худро барои ҳусули тавофуқ исбот кардааст ва ҳар талоше аз тарафи муқобил дар ин робита бояд шомили лағви таҳримҳо, ростиозмоӣ ва замонати муътабар бошад .

Раисӣ бо таъкид бар инки суботу амнияти минтақа танҳо аз тариқи роҳи ҳалҳои даруни минтақаӣ қобили амалӣ шудан аст ва на мудохилоти хориҷӣ, тавваҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба буҳрони инсонӣ дар Яман ва рафъи муҳосираи мардуми мазлуми ин кишварро хостор шуд .
Эмануэл Макрон-раиси ҷумҳурии Фаронса низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ изҳор кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳақ дорад ки ба Амрико беэътимод бошад, зеро ин Иёлоти Муттаҳида буда ки боиси эҷоди буҳрон шудааст .
Эмануэл Макрон ҳамчунин таҷовузоти низомӣ ба мардуми Яман, бахусӯс ҳамалоти ахирро маҳкум кард .

Таҳаввулоти минтақа аз ҷумла авзоъи Лубнон аз дигари меҳварҳои гуфтугӯи руасои ҷумҳурии Эрону Фаронса буд .

 

Барчасп