Феврал 01, 2022 10:23 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таърихи гузарномаи муҳоҷирони афғон дар Эрон

Гузарномаҳои муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон тамдид мешавад.

Дар ҳоле, ки эътибори гузарномаҳои муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон 3 озари соли ҷорӣ, поён ёфта, тамдиди эътибори раводид ба зуддӣ дар дафотири хадамоти атбоъ оғоз мешавад.

Ин тарҳ шомил афроде мешавад, ки дар солҳои 95 ё 98 гузарномаҳои худро тамдид накардаанд.

Табқи тавофуқ бо Комиссиони сомондеҳии атбоъи хориҷӣ, раводиди атбоъи афғонистонӣ яксол то 30 озар 1401 тамдид мешавад.

Ҳамчунин бар асоси ҳамоҳангӣ бо Идораи кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии вазорати кишвари Эрон бо намояндагии сиёсӣ ва консулии Афғонистон, гузарномаҳои фоқиди эътибор, ҷамъоварӣ ва иқдомоти идорӣ аз тариқи бахши консулии сафоратхонаи Афғонистон дар Теҳрон ва консулгариҳои Афғонистон дар Машҳад ва Зоҳидон анҷом мешавад.

 

Барчасп