Амир Абдуллоҳиён: Ҳусули тавофуқ баста ба рафтори масъулонаи ғарбиҳост
(last modified Wed, 16 Feb 2022 07:22:42 GMT )
Феврал 16, 2022 12:22 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Ҳусули тавофуқ баста ба рафтори масъулонаи ғарбиҳост

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Твиттер навишт, ибтикороти тарафи эронӣ тавофуқ дар Венаро дар дастрас қарор дода, аммо ҳусули тавофуқи ниҳоӣ баста бар рафтори масъулонаи тарафи ғарбӣ аст.

Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён бо баёни ин ки бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар мавриди охирин вазъияти музокироти Вена ройзанӣ кардааст, афзуд, риояти хутути қирмизи Эрон барои Теҳрон аҳамияти асосӣ дорад.

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин изҳор дошт, раванди музокирот рӯ ба пешравӣ аст, аммо ҳанӯз бархе мавзуоти муҳим пеши рӯйи тарафайн қарор дорад.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбе низ дар Твиттер бо ишора ба гуфтугӯи телефонии худ бо Лиз Трасс (Liz Truss), вазири хориҷаи Британия таъкид карда буд, тавофуқи хуб дар Вена дар сурати воқеъбинии тарафи ғарбӣ даст ёфтанӣ аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре масъулиятпазир борҳо эълом кардааст, бо тавваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буда, ки тавофуқи БарҶомро нақз кардааст, ин Вашингтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои тааҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.