Май 21, 2024 15:11 Asia/Dushanbe
  • Абумуҷоҳид: Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён, садои мазлумияти миллати Фаластин буданд

Сухангӯи кумитаҳои муқовимати Фаластин гуфт: Шаҳидони Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён садои мазлумияти миллати Фаластин дар маҳофили байналмилалӣ буданд.

Муҳаммад Албрем (Абумҷоҳд) рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА, изҳор дошт: Аз замони пирӯзии Инқилоби исломии миллати Эрон ба дасти муъминони муҷоҳид ва покбохта, Ҷумҳурии исломӣ ҳамвора масъулияти дифоъ аз миллати Фаластин ва муқовимати онро бо ҳама шеваҳо ва имконоти мумкин бар уҳда доштааст; Вале давлати раиси ҷумҳури шаҳид Сайид Иброҳим Раиси ин ҳимоят ва пуштибониро ба шакли вежае анҷом дод.   Абумуҷоҳид дар идома бо баёни инки миллати Фаластин аз бузургтарин мусибатдидагони ин ҳодиса аст, тасреҳ кард: Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи давлати Сайид Иброҳим Раисӣ, мудофеъ ва ҳомии хастагинопазир ва садои миллат ва ҳуқуқи Фаластин дар маҳофил ва ниҳодҳои байналмилалӣ буд.  Вай ёдовар шуд: Давлати Сайид Иброҳим Раисӣ, садои Фаластин ва қалби тапандаи он дар ҳамаи маҳофил ба шумор мерафт.  Абумуҷоҳид афзуд: Дидорҳо, ҳамоишҳо, нишастҳо ва сафарҳои ин ду шаҳиди бузургавор, зербинои ҳамаи иқдомоти сиёсӣ, дипломатик, байналмилалӣ ва расонаӣ барои муқобила бо наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва ба шикаст кашондани ҳама тавтеаҳо ва нақшаҳое буд, ки асли масъалаи Фаластин ва муқовимат ва бақои миллати Фаластин дар сарзаминшонро ҳадаф қарор додааст.  Сухангӯи Кумитаҳои муқовимати Фаластин гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон додааст, ки кишвари ниҳодҳо аст ва на кишвари қоим ба афрод ва пуштибонӣ ва дифоъ аз миллат ва муқовимати Фаластин, рӯйкард ва аз усули Ҷумҳурии исломӣ аз ибтидои таъсиси он буда ва ин хатти машйӣ аз ибтидо тавассути Имом Хумайнӣ(р)-раҳбар ва бунёнгузори ҳакими он тарсим шудааст.  

Абдулмаҷид Табун-раиси ҷумҳури Алҷазоир 

 Дар идомаи ин гузориш омадааст, Абдулмаҷид Табун-раиси ҷумҳурии Алҷазоир дар паёме ба Муҳаммад Мухбир-муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳони вайро таслият гуфт ва афзуд:Бо шаҳодати доктор Раисӣ, банда шахсан бародар ва шарикамро дар амри хидмат ба пайвандҳои бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни ду кишвар ва ду миллати бародар ва ёри масоили одилонаи уммати исломӣ ва дифоъ аз он, аз даст додам. 

 

Барчасп