“Су”-ҳои русӣ нишони дӯстиро дар осмони Эрон ба намоиш гузоштанд
Ноябр 19, 2016 11:42 Asia/Dushanbe
Гурӯҳи халабонии акробатикаи "Слаҳшӯрони русӣ" барои нахустин бор бо ҳавопаймоҳои ҷангии “Су-27” ҳаракатҳои акробатиеро дар осмони Эрон ба намоиш гузоштанд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, се ҳавопаймои ҷангии русӣ дар ин намоиши худ ба нишонаи ваҳдати Эрону Русия ва дӯстии ду миллат дар осмони Эрон нақши қалбро ба намоиш гузоштанд.
Ин намоиши ҳавоӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии ҳавоии Эрон (Iran Air Show-2016) дар ҷазираи Кеш (ҷануби Эрон) баргузор шуд.Дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳавоии Эрон беш аз сад ширкати дохилию хориҷӣ, аз кишварҳои Олмон, Италия, Малайзия, Англия, Русия, Туркия, Амрико, Ҷопон ва Фаронса ширкат карданд.
Барчасп