Феврал 22, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Фароянди сабти ҷаҳонии воксани

Воксани эронии  "Ков Эрон Баракат", дар арзёбии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар фароянди сабти ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Созмони ҷаҳонии беҳдошт 18 феврал, вазъияти воксанҳои коронаро дар фароянди арзёбии "EUL/PQ" мунташир кард ва шумораи 21 аз ин феҳрист ба воксанаи "Баракат"ихтисос дод.

Ин созмон гузориш дод, номи ин воксани "CovIran", маҳсӯли ширкати ШифФормад вобаста ба гурӯҳи доруии Баракати Эрон аст.

Воксани "Баракат" дар фароянди сабти ҷаҳонӣ қарор дорад ва ҷаласаи қабл аз ирсол барои арзёбӣ дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар таърихи 26 январи 2022 баргузор шудааст.

Дар ин феҳрист ба тартиб воксанҳои Pfizer, Strazenka, Kovichild, Janssen, Moderna, Sinofarm, Sinovak ва Bharat қарор доранд.

Воксани эронии "Ков Эрон Баракат", нахустин воксани эронии корона аст, ки муваффақ ба ахзи муҷаввизи изтирорӣ шуд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп