Феврал 22, 2022 12:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар иртиқои сатҳи равобити Эрон ва Қатар дар ҳамаи заминаҳо

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амири Қатар дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар таъкид карданд, масъулони иҷроӣ ва раисони Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодии дукишвар барои густариши таомулот ва ҳамкориҳои дуҷониба талош музоъаф дошта бошанд.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Қатар бо баёни инки иштирокоти фарҳангӣ ва эътиқодӣ ҳамвора заминасози тақвияти равобити ду миллат ва давлат будааст, гуфт, сатҳи равобити Теҳрону Давҳа бояд дар ҳамаи заминаҳо ба хусӯси иқтисодӣ ва сиёсӣ иртиқо ёбад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки тақвияти таомулоти дуҷонибаи Эрону Қатар бояд ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва нақшофаринии байналмилалии ду кишвар низ суръат ёбад, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ҳамсояе садиқ ва дӯсте воқеӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Қатар буда ва боризтарин мисдоқ барои исботи ин иддао, ҳимояти ҳамешагии Эрон аз ҳуқуқи миллати мазлӯми Фаластин аст.

Раисӣ бо ёдоварии роҳкори Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳалли масъалаи Фаластин бо мушорикати ҳамаи миллати Фаластин афзуд, агар уммати исломӣ муттаҳид бошанд, ҳуқуқи фаластиниён истифо хоҳад шуд ва зулми саҳюнистҳо аз байн хоҳад рафт.

Вай ҳамчунин бо тақбеҳи талоши бархе кишварҳо барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, тасреҳ кард, густариши ҳузури режими саҳюнистӣ дар минтақа, ба зиёни ҳамаи кишварҳост, чаро ки ин режим, суботу амнияти дигар кишварҳоро дар масири таъмини манофеи худ, таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар низ гуфт, кишвараш мусаммам аст, ки равобити худ бо Эронро бар бистари таъомулоти таърихӣ ва решадори ду миллат, дар заминаҳои мухталиф густариш диҳад.

Амри Қатар ҳамчунин бо ишора ба мавзеи собити кишвараш дар дифо аз ҳуқуқи миллати Эрон дар заминаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ тасреҳ кард, Қатар ҳамвора таъкид дошта, ки гуфтугӯ танҳо роҳи ҳалли ихтилофот миёни кишварҳост ва давоми ҳар тавофуқе дар гарави пойбандӣ ва амал ба тааҳҳудот аз сӯи ҳамаи тарафҳои тавофуқ аст.

Вай дар идома дифо аз ҳуқуқи миллати мазлӯми Фаластинро аз аввлавиятҳои сиёсати хориҷии Қатар баршумурд ва гуфт, мавзеи собити Қатар дар бораи Фаластин, ҳамон мавзеи озодихоҳони ҷаҳон аст.

Саидиброҳими Раисӣ рӯзи душанбе ба даъвати расмии Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар барои дидори расмӣ ва ширкат дар шашумин Иҷлоси сарони ОПЕК-и газӣ ба Давҳа сафар кард.

Бештар бихонед:

Барчасп