Ноябр 21, 2016 14:04 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нахустин қатори гардишгарӣ аз Маскав ба Машҳад пас аз даҳҳо сол

Қатори гардишгарии мавсум ба Уқоби Тиллоӣ, ки сафари худро аз Маскав, пойтахти Русия оғоз кард, рӯзи якшанбе вориди шаҳри муқаддаси Машҳад дар шимоли шарқи Эрон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ин қатор ҳудуди 40 гардишгар аз кишварҳои Англия, Амрико, Африқои Ҷанубӣ, Фаронса, Тайван, Чин ва Гонконгро бо худ ба Эрон овардааст.

Қатори Уқоби Тиллоӣ сафари 18 рӯзаи худро аз Маскав оғоз ва дар масири худ то марзи Сарахс дар шимоли шарқи Эрон, аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон убур карда буд.

Гардишгарони хориҷӣ рӯзи якшанбе дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) аз наздик шоҳиди азодории мардуми Машҳад дар рӯзи Арбаини Ҳусайнӣ буданд.

Қарор аст, ин қатор пас аз бурдани гардишгарон ба шаҳрҳои туристии Кирмон, Язд, Исфаҳон ва Шероз, дар рӯзи ҳафтуми озар 27-и ноябр вориди Теҳрон шавад ва ду шабонарӯз дар пойтахти Эрон боқӣ бимонад.

Ба гуфтаи Тим Литлер, раиси Ширкати қатори Уқоби Тиллоӣ, афроди зиёде муштоқи сафар ба Эрон ҳастанд ва ба ҳамин далел қарор аст, ин қатор соле ду бор ба Эрон сафар кунад.

Ҳамчунин мусофирони ин қатори гаронқиммат ба Ройтерс гуфтанд, аз тамомии хадамоти қатор розӣ ҳастанд ва аз инки билохира метавонанд Эронро бубинанд, бисёр ҳаяҷонзадаанд.

Сергей Илягуев, раиси Ширкати роҳи оҳани Русия пештар гуфта буд, ҳазинаи ин сафари рӯзона беш аз ҳазор евро барои ҳар нафар аст.

Дар тӯли даҳаҳои ахир, ин аввалин қаторе аст, ки аз Русия вориди Эрон шудааст.