Март 15, 2022 18:39 Asia/Dushanbe
  • Амирабудуллоҳиён: Ҷангро дар ҳар нуқтаи аз ҷаҳон ба сароҳат маҳкум мекунем
    Амирабудуллоҳиён: Ҷангро дар ҳар нуқтаи аз ҷаҳон ба сароҳат маҳкум мекунем

Вазири  умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Эрон ҷанг дар Украина, Афғонистон, Яман ва ҳар нуқтаи дигар аз ҷаҳонро ба сароҳат маҳкум мекунад, бар роҳи ҳалли сиёсӣ дар мавзуъи Украина таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз сешанбе дар сарварии  ҳайате ба манзури дидору гуфтугӯ бо Сергей Лавров ҳамтои русӣ худ вориди Маскав шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳангоми вуруд дар ҷамъи хабарнигорон дар баёни сафари худ ба Русия бо ишора ба ин ки таҳавулоти Украина вазъияти ҷадиде аст, ки дар арсаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ рух дода аст, гуфт: Мо ба сароҳат ҷангро маҳкум мекунем чи дар Украина, Афғонистон ва Яман ва ҳар нуқаи дигар аз ҷаҳон, мо таҳримҳоро ҳам маҳкум мекунем, эҷоди таҳримҳои якҷониба зидди кишварҳо ва милатҳоро равиши нодуруст медонем ва бар роҳи ҳалли сисёсӣ дар мавзуъи Украина тамаркуз мекунем.

Амирабдуллоҳиён дар идома пайгирии музокироти Вена барои лағви таҳримҳоро аз дигар аҳдофи сафари худ ба Маскав хонд ва афзуд: Дар изҳори назарҳо ва ахбор ингуна мунташир мешавад, ки агар мо дар Вена бо тарафи амрикоӣ ва ҳамчунин бо дигар тарафҳои ғарбӣ ба тавофуқ ва натиҷаи ниҳоӣ бирасем, мумкин аст аз тарафи Русия бо таваҷҷуҳ ба баъзе матолибе, ки дар расонаҳо матраҳ шуд, ҳимояти лозим дар Вена надошта бошем.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Умедвор ҳастем дар гуфтугӯҳои имрӯз ҳамчунон битавонем дар масире, ки Русия аз расидан ба як тавофуқи хуб, пойдор ва қавӣ дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Вена қарор бигирад ба ин натиҷа ва ҷамъбандии рушан бирасем.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари масъулиятпазир борҳо эълом кард бо таваҷҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буд, ки тавофуқи БарҶомро нақз карда аст бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва иҷрои таъаҳудоташ мавриди рости озмоӣ қарор гирад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп