Воксани Баракат байналмилалӣ шуд
(last modified Thu, 17 Mar 2022 11:51:46 GMT )
Март 17, 2022 16:51 Asia/Dushanbe
  • Воксани Баракат байналмилалӣ шуд

Бо содироти воксани эронии «Ков Эрон Баракат» ба Никарагуа, воксани Баракат байналмилалӣ шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, баъд аз қарор гирифтани воксани Баракат дар масири ҷаҳонӣ шудан ва эъломи ниёзи изтирории кишвари Никарагуа, бо имзои тафоҳумнома аз ин пас воксани Баракат ба ин кишвар содир хоҳад шуд.

Ҳамидризо Ҷамшедӣ, раиси ҳайати мудираи гуруҳи доруии Баракат дар маросими имзои тафоҳумномаи ирсоли воксани Баракат ба кишвари Никарагуа гуфт: Баъд аз ин ки зарфияти тавлидии Баракат ба 60 миллион расиду ниёзи кишвар ба воксани Ковид -19 бартараф шуд, ҳаҷми зиёде аз воксан ба сурати захира дорем, ки аз ин фурсат истифода кардаву гомҳои баъдӣ барои содирот бармедорем.

Раиси ҳайати мудираи гуруҳи доруии Баракат афзуд: Наздик ба 60 миллион доза воксан тавлид кардем ва дар ҳоли гирифтани муҷаввизи воксани Омикрон аз Вазорат беҳдошт ҳастем, ки фурсати хубе барои ҳузури қудратманди Эрон барои содироти воксан дар дунё аст.

Ҷамшедӣ ҳамчунин гуфт: Бо кишвари Никарагуа ба ин нуқта расидаем ва имрӯз дар марҳалаи имзои тафоҳумнома ҳастем ва аз 5 кишвари дигар ҳам дархости расмӣ доштаем ва дар ҳоли музокира ҳастем.

Имзои ин тафоҳумнома дар маросими расмӣ бо ҳузури сафири кишвари Никарагуа дар Теҳрон ва Муҳаммадҳусайни Некном, муовини байналмилали вазири беҳдошт анҷом гирифт.