Эрон танҳо кишвари минтақаи Баҳри Миёназамин бо тавлиди 6 навъи ваксина
(last modified Sun, 12 Mar 2023 04:52:45 GMT )
Март 12, 2023 09:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон танҳо кишвари минтақаи Баҳри Миёназамин бо тавлиди 6 навъи ваксина
    Эрон танҳо кишвари минтақаи Баҳри Миёназамин бо тавлиди 6 навъи ваксина

Вазири беҳдошту дармон ва омузиши пизишкии Эрон гуфт, ки Эрон танҳо кишвари минтақаи Баҳри Миёназамин бо тавлиди 6 навъи ваксина аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Айнуллоҳи, вазири беҳдошту дармон ва омузиши пизишкии Эрон рузи шанбе дар боздиди аз тарҳҳои бахши беҳдошту дармони шаҳристони Дороби устони Форс кантроли вируси коронаро аввалин ва муҳимтарин мавзуъи пеши руи бахши беҳдошту дармони кишвар унвон кард.

Айнулоҳи афзуд дар Эрон тамоми дармонҳои пешрафтаи корона анҷом мешавад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди таҳрим ва фишорҳои сиёсии ҷаҳонӣ бо итико ба нақши муҳими мардум ба вижа ҷавонони нухба ва фаъол дар арсаҳои илмӣ ва пизишкӣ монеъҳоро канор зада ва ба дастовардҳои хуби расида аст Эрон дар тавлиди 500 маҳсули пизишки худкафо шуда аст.