Финолӣ шудани ҷавонони футсоли Эрон дар рақобатҳои 6 ҷонибаи Тайланд
(last modified Sat, 19 Mar 2022 16:35:32 GMT )
Март 19, 2022 21:35 Asia/Dushanbe
  • Финолӣ шудани ҷавонони футсоли Эрон дар рақобатҳои 6 ҷонибаи Тайланд
    Финолӣ шудани ҷавонони футсоли Эрон дар рақобатҳои 6 ҷонибаи Тайланд

Тими миллии футсоли ҷавонони Эрон бо пирӯзи муқобили Уммон ба дидори ниҳоии рақобатҳои 6 ҷонибаи Тайланд суъуд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тими миллии футсоли ҷавонони Эрон рӯзи шанбе бо пирӯзи муқобили Уммон ба дидори ниҳоии рақобатҳои 6 ҷонибаи Тайланд суъуд кард.

Дар идомаи мусобиқоти 6 ҷонибаи Тайланд ва дар марҳалаи ниманиҳоии ин рақобатҳо тими миллии футболи зери 23 соли Эрон имрӯз ба масофи ҳарифи худ аз кишвари Уммон рафт ва дар поён бо натиҷаи 3 бар сифр ҳарифи худро шикаст дод ва фардо бояд дар бозии финол ҳозир шаванд.

Голҳои Эронро дар бозии бо Уммон Билолӣ Исмоъилӣ, Маҷиди Порсопур ва Муҳаммади Тоҳири ба самар расоданд.

Ҳамчунин дар поёни ин дидор Муҳаммади Тоҳирӣ аз сӯи масъулони баргузории рақобатҳо ба унвони беҳтарин бозикуни замин интихоб шуд.