Таҳлил: Ҳамоиши фурсатҳои сармоягузории Эрон ва Туркия
Дар солҳои ахир фарозу нишебҳое дар минтақаи ғарби Осиё ба гунае пеш рафт, ки бар аҳамияти Эрон ва Туркия ба унвони ду кишвари муҳим ва таъсиргузор дар ин минтақа ёд мешавад.
Дар ҳақиқат бояд гуфт, дар сурати ваҳдат ва иттиҳоди Эрон ва Туркия дар асраҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ду кишвар метавонанд ба як қудрати бузург ва таъинкунанда дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил шаванд. Ин дар ҳоле аст, ки ду кишвар аз таъсискунандаи Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ҳастанд ва дар чорчуби ин созмони иқтисодии муҳим ҳамкориҳои муҳиме доранд дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои Теҳрон ва Анкара дар арсаҳои ҳамлу нақл ва транзит ва ҳамкории дар умури энергетика, аз ҷумлаи муҳимтарин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мешавад.
Дар ҷараёни понздаҳумин нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтсиодии ЭКО дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон мавзуъи роҳандозии каридори иртиботи Исломобод-Теҳрон-Истанбул шояд аз муҳимтарин тавофуқҳои ин нишаст буда аст ба ҳамин далел Мавлуд Човуш Уғулу, вазири умури хориҷаи Туркия дар суханоне дар ҷараёни нишасти Ашқобод роҳандозии каридори иртиботии Эрон бо Туркия ва Покистонро заминасозии пешрафт ва ободонии кишварҳои минтақа муъарифи кард.
Раиси дастгоҳи дипломатии Туркия дар айни ҳол дар нишасти Ашқобод, таъкид кард: Яке аз ҳавзаҳои муҳим, ки бояд рӯи он мутамаркиз шавем тиҷорат ва иртибототи минтақаӣ аст, ба хусус, ки қораи паҳновари Осиё натанҳо як маркази тавлид балки бузургтарин бозори масраф дар ҳоли рушд дар ҷаҳон аст.
Тардиде нест, ки ҳамкориҳои Эрон ва Туркия дар бахши ҳамлу нақл ва транзит метавонад заминаҳои қудратманди ду кишвари ҳамсояро фароҳам ва такмил кунад. Шояд ба ҳамин далел аст, ки вазири умури хориҷаи Туркия дар ҷараёни понздаҳумин нишасти сарони ЭКО дар соли гузаштаи мелодӣ гуфта аст: Ба ақидаи ман ба унвони созмоне, ки дар қалби масирҳои тиҷорати таърихи ва марокизи фарҳангӣ қарор дорад, бояд фаъолтар амал кунад.
Ҷудо аз ҳама ҳамкориҳои Эрон ва Туркия дар чорчуби Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО, Эрон ва Туркия ба сурати дуҷониба низ ҳамкориҳои созандае бо якдигар доранд. Ба унвони мисол мақомоти ду кишвар бо баргузории нишастҳои сармоягузори дар ду кишвар, мудовим заминаҳои ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ ва эълом мекунанд.
Дар ҳамин робита, сеюмин ҳамоиши шиносоии фурсатҳои сармоягузории Эрон ва Туркия бо ҳузури мақомот, тоҷирон, бозаргонон ва коршиносони ҳавзаҳои мухталиф аз ду кишвар дар Истанбул баргузор шуда аст. Дар чорчуби ин ҳамоиш, ки то имрӯз панҷшанбе 31 март идома дорад имконоти ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтсодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, арзҳои диҷитолӣ, саломатва дигар заминаҳо арзёби ва барраси хоҳад шуд.
Бадеҳист, ки тасмимгириҳо дар ҷараёни сеюмин ҳамоиши шиносоии фурсатҳои сармоягузории Эрон ва Туркия ба мақомоти тасмимгиранда дар ду кишвар эълом ва иҷро хоҳад шуд.
Теҳрон ва Анкара дар заминаи умури энергетика низ ҳамкориҳои густараде доранд. Илова бар содироти нафти хоми Эрон ба Туркия, қарордоди 25 солаи содироти гази табиии Эрон ба Туркия ва низ иҷроӣ шуда аст ва бештар аз як даҳа аст, ки бевақфа ин содирот дар дастури кор қарор дорад, ҳаҷми мубодилоти тиҷорати Эрон ва Туркия болиғ бар бист миллиард доллар дар сол аст ва дар сурати иҷроӣ тавофуқоти ду кишвар ин рақам ҳатто то 50 миллиард доллар дар сол низ қобили афзоиш аст.
Дар як ҷамбандии куллӣ аз ҳамокриҳои Эрон ва Туркия бояд гуфт, Теҳрон ва Анкара ба далели бархурдори аз иқтисоди мукамил, метавонад ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаии худро беш аз пеш тақвият кунанд. Дар ҳоли ҳозир ду кишвар метавонанд улгуи муносиб барои ҳамкориҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО ифои нақш кунанд.
Бештар бихонед:
- Таҳлил: Таъкиди Эрону Туркия бар густариши ҳамкориҳо
- Ҳаҷми ҳамлунақли роҳи оҳани Эрон ва Туркия то як миллион тонна афзоиш меёбад