Эрон ва Қатар 6 санади ҳамкорӣ имзо карданд
(last modified Mon, 11 Apr 2022 16:39:13 GMT )
Апрел 11, 2022 21:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Қатар 6 санади ҳамкорӣ имзо карданд
    Эрон ва Қатар 6 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қатар дар ростои тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақл, ҳавоӣ ва Ҷоми Ҷаҳонӣ 6 санад ва тавофуқнома имзо карданд.

Вазири ҳамлу нақл ва иртибототи Қатар дар садри ҳайате ба ҷазираи Кеш дар ҷануби Эрон сафар кард. Фосили байни ҷазира Кеши Эрон то Қатар 270 километр аст, ки мудатзамони мусофират аз ин ҷазира ба Давҳа бо ҳавопаймо ҳудуди 40 дақиқа ва бо киштӣ 5 то 6 саот аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Сади Хуросон ба нақл аз ИРНА, ойни имзои ин тавофуқнома рӯзи душанбе бо ҳузури Рустами Қосимӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷосим ибни Сайф Алсулайтӣ, вазири ҳамлунақл ва иртибототи Қатар дар ҷазираи Кеш баргузор шуд.

Ин санадҳо шомили санади форсии тавофуқномаи имзошуда дар сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар се санади тавсеаи ҳамкориҳои муштарак байни Эрон ва Қатар дар ҳавзаҳои ҳамлунақл, ҳавоӣ ва як санди ҳакмории ҳамлу нақли дарёӣ ва суратҷаласаи мафоди ҳамкориҳои муштарак дар пуштибонӣ аз Ҷоми Ҷаҳонии Қатар аст.

Вазири ҳамлу нақл ва иртибототи давлати Қатар ва вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз имзои ин тавофуқномаҳо аз тарҳи дар ҳоли аҳдоси поёнаи мусофирии ҷадиди фурудгоҳи байналмиллалии ҷазираи Кеш, бандаргоҳи мусофирӣ ва тиҷорӣ, майдони футбол ва истахри деҳкадаи олимпик боздид карданд.

 

Бештар бихонед: