Ноябр 25, 2016 16:56 Asia/Dushanbe

Бархурди ду қатор дар устони Симнони Эрон то кунун дастикам 40 куштаву 100 маҷрӯҳ барҷой гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммадризои Хаббоз, устондори Симнон гуфт, ҳодисаи бархурди ду қатори Симнон-Машҳад ва Табрез-Машҳад дар фосилаи 4.5 километрӣ то истгоҳи Ҳафтхон, байни ду шаҳри Симнон ва Домғон иттифоқ афтод, ки ба далели вожгун шудани яке аз қаторҳо ва оташсӯзӣ, шиносоии аҷсод душвор асту то кунун нерӯҳои имдодӣ тавонистаанд 31 куштаро пайдову шиносоӣ кунанд.

Ба гуфтаи Хаббоз, 79 тан аз мусофирон низ дар ду бемористони Симнону Домғон бистарӣ шудаанд.

Устондори Симнон ҳамчунин аз эҳтимоли афзоиши шумори куштаҳои ин ҳодиса хабар дод.

Хаббоз афзуд, қатори Табрез бино ба далоили номушаххасе берун аз истгоҳ таваққуф карда буд, аммо дар ҳоли ҳозир наметавон иллати қатъии ҳодисаро баровард кард.

Устондори Симнон гуфт, қатори Табрез-Машҳад бо мусофироне, ки осеб надида буданд, роҳи худро ба самти Машҳад идома дод ва ҳамакнун тамоми авомили иҷроӣ дар минтақаи ҳодиса ҳозир ҳастанд то аҷсоди сӯхтаро пайдову шиносоӣ кунанд.

 

Барчасп