Май 16, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии хати тавлиди ваксинаи инстути Постур дар Албурз
    Роҳандозии хати тавлиди ваксинаи инстути Постур дар Албурз

Хати тавлиди протеини навтаркиби Эрон анвоъи ваксинаҳо бо ҳузури вазири бедошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва муъовини нахуствазири Кубо дар минтақаи гармдараи устони Албурзи Эрон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳром Айнулоҳӣ, вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар ҳошияи ифтитоҳи ин хатт ба хабарнигорон гуфт ин хати тавлиди бо ҳамкории муштараки Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кубо роҳандози шуда аст.

Айнллоҳӣ афзуд бо роҳандозии хати ҷадиди ваксина дар муассисаи Инстути Постур моҳона байни чор то панҷ миллион доза анвоъи ваксина дар ин хати тавлид мешавад.

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон таъкид кард,  роҳандозии ин хати тавлиди нақшаи муассири дар сохти анвоъи ваксинаи монанди ваксинаҳо бо фановарии боло ва ваксинаи ҳори дорад.

Рекорду Кобрисос, муъовини нахуствазири Кубо низ дар ҳошияи ин ойин гуфт: Ин тарҳ ба сурати муштарак байни Эрон ва Кубо анҷом шуд, ки натиҷааш барои мардуми ҳарду кишвар муфид хоҳад буд.

Кобрисос афзуд, ҳамкориҳои Эрон ва Кубо дар заминаи фаъолиятҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ аз солҳо пеш оғоз шуд ва акнун низ идома дорад.

Ҳамчунин комисиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумуҳурии Исломии Эрон ва Кубо дар Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп