Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Дипломосии дарёӣ заминасози таҳкими сиёсати хориҷӣ аст
Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Дипломосӣ дарёӣ заминасози таҳкими сиёсатҳои хориҷӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, адмерал Шаҳроми Эронӣ гуфт: Нерӯи дарёӣ талош дорад бо баҳрагири аз зарфиятҳои амалӣ ва фановаронаи кишвар, аҳамияти наздик шудан ба дарё ва иқтисоди дарёиро равшан кунад.
Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш аз ҳамкории ин нерӯ бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳии кишвар ҷиҳати табодули таҷрубиёт хабар дод ва афзуд: Анҷумани геополетики Эрон маҷмуъаи илмии қави маҳсуб мешавад, ки аз зарфиятҳои бисёр хуби бархурдор аст ва дар тамоми ҳавзаҳои асарбахш метавонад кумак кунанда бошад.
Ба гуфтаи адмерал Эронӣ: Нерӯи дарёӣ аз ҳар заминае, ки бишавад таваҷуҳи ҷомеъаи дохилиро ба самту сӯи дарёҳо ҷалб кунад баҳра мегирад ва талош дорад то зимни баҳрагири аз зарфиятҳои имлӣ ва фановаронаи кишвар аҳамияти наздик шудан ба дарё ва иқтисоди дарёиро барои мардум, ниҳодҳо ва дигар бахшҳои асаргузори рувшан кунад.
Эрон бо бархурдории беш аз ду ҳазор километр марзи оби дар дарёи Хазар, халиҷи Форс ва дарёи Уммон ба унвони як кишвари дарёӣ дар минтақа ҳузур дорад ва дарё ва соҳилҳои муносиби дарёӣ низ нақши муҳими дар иртиқои ҷойгоҳи дифоъӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар дар сатҳи минтақа ва байналмиллал дорад