Волейболи навҷавонони ҷаҳон: Пирӯзии Эрон муқобили Лаҳистон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121160
Порс-Тудей. Тими миллии волейболи зери 19 соли Ҷумҳурии исломии Эрон дар дуюмин дидори ҷаҳонии худ муваффақ ба шикасти Полша ё Лаҳистон шуд то сеимтиёзӣ шавад.
(last modified 2025-07-25T10:17:32+00:00 )
Июл 25, 2025 15:16 Asia/Dushanbe
  • Волейболи навҷавонони ҷаҳон: Пирӯзии Эрон муқобили Лаҳистон

Порс-Тудей. Тими миллии волейболи зери 19 соли Ҷумҳурии исломии Эрон дар дуюмин дидори ҷаҳонии худ муваффақ ба шикасти Полша ё Лаҳистон шуд то сеимтиёзӣ шавад.

Дуюмин рӯзи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии писарони зери 19 соли ҷаҳон имрӯз (ҷумъа, 25 июл) бо 12 дидор дар Тошканди Узбакистон пайгирӣ хоҳад шуд. Тими волейболи зери 19 соли Эрон, ки дар гуруҳи сеюм бо тимҳои Италия, Миср, Тунис, Полша ва Испания ҳамгуруҳ аст, аз соати 9: 30 дақиқаи имрӯз дар дуюмин дидори худ дар марҳалаи муқаддамотии ин рақобатҳо ба масофи Полша рафт ва се бар ду ин тимро шикаст дод то сеимтиёзӣ шавад.

Тими волейболи зери 19 соли Эрон соати 9: 30 дақиқаи фардо (шанбе, 26 июл) дар сеюмин дидори худ дар марҳалаи муқаддамотӣ ба масофи Тунис меравад. /ИРНА