Май 26, 2022 21:13 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории байни утоқи бозаргонии Гилон ва Тоҷикистон
    Имзои тафоҳумномаи ҳамкории байни утоқи бозаргонии Гилон ва Тоҷикистон

Масъули Утоқи бозаргонии устонҳои Гелони Эрон ва Хатлони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ҳодии Тезҳуштобон, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат ва маъдану кишоварзии устони Гелон, ки дар садри ҳайате барои ширкат дар ҳамоиши бозаргонии Тоҷикистон ба он кишвар сафар кард, зимни боздид аз Намоишгоҳи тавонмандии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон, дар ҳамоиши бозаргонии Тоҷикистон ҳузур ёфт.

Дар ин ҳамоиши тиҷоратӣ, ки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва теъдоди зиёде аз фаъолони иқтисодӣ аз кишварҳои мухталиф ҳузур доштанд, Ҳодии Тезҳуштобон, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат ва маодину кишоварзии устони Гелон ва Фарҳод Расулзода, раиси Палатаси Савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар ин тафоҳумнома ҳарду тараф уҳдадор шуданд барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, махсусан дар ҳавзаи кишоварзӣ талош кунанд.

Содироти маҳсулоти кишоварзии бумии устони Гелон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дастури кори ҳарду тараф қарор гирифтааст.

Барчасп