Бандари Чобаҳор бо мушаввиқҳо омодаи пазироӣ аз сармоягузорон
Сарпарасти Идораи кулли банодир ва дарёнавардии устони Систон ва Балӯчистон (ҷануби шарқи Эрон) гуфт, бандари Чобаҳор бо мушаввиқҳои хос, аз сармоягузорони дохилӣ, хориҷӣ ва коргузорони бандарӣ ва дарёӣ барои сармоягузорӣ истиқбол мекунад.
Бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балӯчистон, танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар каронаи дарёии Макрон ва уқёнуси Ҳинд қарор дорад.
Бандари Чобаҳор ба сабаби мавқеъияти роҳбурдӣ ва наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои маҳсӯр дар хушкии Осиёи Марказӣ ҳамчун Афғонистон, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ба обҳои озод аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст.
Сарпарасти Идораи кулли банодир ва дарёнавардии устони Систон ва Балӯчистон афзуд, Эрон бо таваҷҷуҳ ба мавқеъияти ҷуғрофиёӣ дар шимолу ҷануб аз лиҳози мавқеъияти стротежӣ ба далели қарор гирифтан дар кридорҳои байналмилалии шимол – ҷануб ва шарқ ба ғарб аз лиҳози тронзитӣ барои ҷаҳониён дорои аҳаммияте вижа аст.
Равонбахш тасреҳ кард, бандари Чобаҳор ба унвони дарвозаи вуруд ба обҳои озод дар солҳои ахир мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз кишварҳо қарор гирифта аст ва бисёр кишварҳо, созмонҳо ва ниҳодҳои мухталиф ба сармоягузориҳо ва тавофуқномаҳои муҳимме дар бандари Чобаҳор иқдом кардаанд, ки метавон ба тавофуқномаи сеҷониба байни Эрон, Ҳинд ва Афғонистон ба манзури тавсеаи бандари Чобаҳор ишора кард.
Сарпарасти Идораи кулли банодир ва дарёнавардии устони Систон ва Балӯчистон афзуд, Чобаҳор, фурсате бебадил барои тиҷорат ва тронзити кишварҳои ҳамҷавори Эрон, ки аз тариқи ин бандари роҳбурдӣ метавонанд ба обҳои озод дастрасии муносибе дошта бошанд.
Бештар бихонед: