Омодагии Эрону Узбекистон барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i88028-Омодагии_Эрону_Узбекистон_барои_густариши_ҳамкориҳои_тиҷорӣ
Муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Узбекистон хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 03, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрону Узбекистон барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ

Муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Узбекистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонлиризои Паймонпок-муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорат ва раиси созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар дидори Баҳодур Абдуллоев-сафири Узбекистон дар Теҳрон бар густариши равобити тиҷории дуҷониба таъкид кард . Паймонпок ҳамчунин аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрони ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак дар парвариши чорво ва парранда дар Узбекистон хабар дод . Ҳамчунин муқарар шуд бо тавваҷуҳ ба тавофуқи раисони камиссиюни муштараки Эрону Узбекистон нақшаи роҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷории ду кишвар таҳия шавад . Тарафи Эрон омодагии худро ҷиҳати содироти хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ ба вижаи иҷрои пружаҳои сохтмонсозӣ дар Узбекистонро эълом кард .