Ҳифзи муҳити зист як амри зарури аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i88434-Ҳифзи_муҳити_зист_як_амри_зарури_аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти минтақавии вазирони муҳити зисти кишварҳои минтақа таъкид кард, ба зарурияти муҳити зист таваҷуҳ шавад ҳамгон ба дур аз таъоруфоти маъмули ва дипломатик ва сиёсӣ барои ҳифзи он тадбир кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 12, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳифзи муҳити зист як амри зарури аст
    Ҳифзи муҳити зист як амри зарури аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти минтақавии вазирони муҳити зисти кишварҳои минтақа таъкид кард, ба зарурияти муҳити зист таваҷуҳ шавад ҳамгон ба дур аз таъоруфоти маъмули ва дипломатик ва сиёсӣ барои ҳифзи он тадбир кунанд.

Нишасти минтақавии вазирони муҳити зисти кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ба ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳузури вазирон ва мақомоти аршади 11 кишвари минтақаи ғарби Осиё баргузор шуд.

Ин нишаст бо ҳадафи баррасии роҳи ҳалҳои рафъи мушкилоти муҳити зистии минтақа махсусан мушкили резгардҳо баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар нишасти минтақавии вазирони муҳити зисти кишварҳои минтақаи ғарби Осиё гуфт: Ҳифзи экосистема ва муҳити зист имрӯз дағдағаи ҳамаи мардум ва ҳамаи кишварҳо махсусан кишварҳои минтақа амри зарури аст.

Раисӣ афзуд: Зиёдахоҳии низоми султа, террорист ва маҳрум шудани давлатҳо ва миллатҳои минтақа аз арсаи дониш ва фановари дар тасмимгири сабаби ошкор шудани чолишҳои зистмуҳити шуда аст.

Ба гуфтаи Раисӣ: Руйкарди бартариталабонаи давлатҳои ғарби дар қарни гузашта, дастандози бедуни ҳадду марз бар манобеъи табиъӣ ба хусус дар кишварҳои таҳти истеъмор ва тавлиди анвоъи олояндаҳо дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон барои расидан ба тавсеаи иқтисодии кунуни яке аз омилҳои аслии мушкилоти зистмуҳити буда аст, бино бар ин интизор вуҷуд дорад, ки онҳо мусъулияти бештари дар ин замина бар уҳда бигиранд.

Раиси Ҷумҳур дар идома афзуд: Мавзуъи муҳим ва байни насли муҳитизист ва лузуми муҳофизат аз он метавонад заминаи ҳамкори байни кишварҳи дуст ва ҳамсоя бошад.