Драгон Скочич мондугор шуд
-
Драгон Скочич мондугор шуд
Бо эъломи расмии сухангӯи Федератсияи футболи Эрон Драгон Скочич ба унвони сармурабии тими миллӣ корашро идома медиҳад.
Дар ҳоле, ки бисёри мунтазири хабари барканории Драгон Скочич аз симати сармурабии тими миллӣ буданд Эҳсони Усули, сухангӯи Федератсия футбол эълом кард, ки Скочич ба унвони сармурабии тими миллӣ ба кораш идома хоҳад дод.
Тасмим ба мондугории Скочич дар ҳоле аз сӯи Федератсия футбол гирифта шуд, ки дар рузҳои гузашта ба хусус пас аз тасмими кумитаи фанни ба барканории ин сармураби ва надоштани салоҳияти ӯ барои нишастан рӯи нимкати тими миллӣ бовари умуми мабни бар поён давраи кори ин сармурабии 53 сола рӯи нимкати миллӣ буд, аммо дар ниҳоят ҳайатраиса ҳукм ба ҳузури ӯ дар тими миллӣ дод.
Нуктаи ҷолиб ин ки дар рӯзҳои ахир номи се тан сармурабии эронӣ Алӣ Доӣ, Ҷаводи Некуном ва Амир Қалъанавӣ ба унвони сармурабии баъдии тими миллӣ матраҳ шуда буд ва ба хусус дар 24 соати гузашта аз Қалъанавӣ ба унвони гузинаи ниҳоӣ ном бурда мешуд ва ҳатто Федератсия ба сурати расмӣ гузина будани вайро тайид кард.
Бо ин ҳол аммо бар асоси он чи Эҳсони Усули, сухангӯи Федератсияи футбол эълом кард, ҳайати раиса руи барканории Скочич ба ҷамъбанди нарасид ва у ба фаъолияташ дар тими миллии Эрон идома хоҳад дод.
Скочич, ки пас аз ҷудоӣ Марк Вилмост ҳидояти тими миллиро бар уҳда гирифт бо чор пирузи тими Эронро аз ҳазф дар марҳалаи пешмуқадимоти наҷот дод ва сипас суъуди нисбатан содаро ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар рақам зад аммо бо ин ҳол ҳамеша сояи ихроҷро руи сари худ медид ва интиқодот аз у пас аз шикаст дар баробари Кореаи Ҷануби ва Алҷазира ба ваҷи худ расид.
Ҳоло бояд дид тасмим ба идомаи кори Скочич то чи замони хоҳад буд ва сармурабии тими миллӣ то поёни қарордодаш яъне то Ҷоми миллатҳои 2023 сармурабии Эрон мемонад ё не?