Август 14, 2022 08:43 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Корбурди забони таҳдид муқобили Эрону эронӣ натиҷае нахоҳад дод

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар тветте ба Кохи Сафед ёдоварӣ кард, ки корбурди забони таҳдид дар муқобили Эрону эронӣ натиҷае нахоҳад дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин Тветтир навишт : Бояд ба Кохи Сафед ёдоварӣ кард, ки аз корбурди забони таҳдид дар муқобили Эрону эронӣ натиҷае нахоҳад гирифт .
Вай афзуд : Фарофикании Кохи Сафед  рафъкунандаи масъӯлияту посухгуи онҳо нисбат ба ҷиноёти гуногуни террористӣ алайҳи ҷони ҳазорон тан аз мардуми Эрон ва минтақа нест .
Амирабдуллоҳиён чанде пеш дар гуфтугӯи телефонӣ бо Мавлуд Човуш уғлу-ҳамтои туркияии худ бо ишора ба музокироти ахири Вена барои рафъи таҳримҳо гуфт : Мо паёми худро аз тариқи аврупоиҳо ба Амрико мунтақил кардаем . Умедворем тарафи Амрико бо нигоҳи воқеъбинонаву амалгароёна ва пазириши хостаҳои барҳақу қонунии Ҷумҳурии исломии Эрон замина барои тавофуқ перомуни матни ниҳоиро фароҳам оварад.
Даври тозаи музокироти рафъи таҳримҳои ғайриқонӯнӣ алайҳи Эрон пас аз наздик ба панҷ моҳи вақфа, аз панҷшанбеи гузашта дар пойтахти Австрия оғоз шудааст . Гуфтугуҳо дар ҳоле ба мароҳили сарнавиштсоз расида ки расидан ба хати поёну тавофуқи ниҳоӣ маъаттали тасмимҳои сиёсии Ғарб бавижа Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ба унвони тарафи нақзкунанда Барҷом аст 

 

Барчасп