Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати поёни ҷанг ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза таъкид кард ва гуфт: Исроил омил решаии тамоми танишҳо ва вахомати авзоъ дар минтақа аст.
Вазири умури хориҷаи Эрон зимни ҳушдор ба ҳар гуна моҷароҷӯии режими саҳюнистӣ, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шиддати бештаре ба ҳар гуна хатои муҳосиботии режими саҳюнистӣ посух хоҳад дод.
Вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия бар зарурати оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза таъкид карданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт:Амалиёти неруҳои мусаллаҳи Эрон зидди мавозеъи низомии режими мутаҷовизи саҳюнистӣ дар чорчуби дифоъи машрӯъ ва ҳуқуқи байналмилалӣ буд.
Вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати талоши Италия барои поён додан ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён бавежа дар борикаи Ғазза таъкид кард.
Вазирони умури хориҷаи Эрону Миср бар иқдомоти муассири ниҳодҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми режими ишғолгари Қудс ба Рафаҳ дар ҷануби Борикаи Ғазза таъкид карданд.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ройзанӣ бо мақомоти олии Туркманистон озими ин кишвар шудааст, чаҳоршанбешаб бо истиқболи мақомоти туркманистонӣ вориди фурудгоҳи Ашқобод шуд.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме зимни табрики ҳулӯли моҳи мубораки Рамазон, мавзӯъи Фаластинро дар садри авлавиятҳои ҷаҳони Ислом донист.
Вазири умури хориҷаи Эрон иқдоми ширкати «МЕТА» барои инсидоди сафаҳоти Раҳбари инқилоби исломӣ дар «Инстаграм» ва «Фейсбук»-ро илова бар нақзи озодии баён, иҳонатомез, ғайриахлоқӣ ва хилофи қоида тавсиф кард.
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияи поёнии нишасти изтирории худ дар Ҷадда, бо маҳкум кардани ҷиноёти Исроил дар Ғазза хостори таваққуфи комил ва беқайду шарти таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба ин борика шуданд.