Вазири хориҷаи нави Эрон: Эрон то поён дар канори Фаластин хоҳад буд
Порстудей-Вазири хориҷаи нави Эрон дар посух ба тамоси телефонии узви дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" гуфт: Рӯйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва муқовимат бо қувват идома хоҳад ёфт.
Халил Алҳия бо Сайидаббоси Ироқчӣ телефонӣ гуфтугӯ кард. Ба гузориши Порстудей, Ироқчӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таҷлил аз истодагии ёздаҳмоҳаи мардуми Ғазза ва муборизони муқовимат дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо, ибрози итминон кард, ки пирӯзии ниҳоӣ бо мардуми Фаластин аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то поён дар канори онҳо хоҳад буд.
Вазири хориҷаи Эрон дар идома таъкид кард:
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар тавофуқе барои оташбас ва поёни ҷанг дар Ғазза, ки мавриди қабули мардуми муқовими Фаластин ва гурӯҳҳои муқовимат ва Ҳамос бошад, ҳимоят хоҳад кард.
Халил Алҳия ҳам дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо табрики интихоби Ироқчӣ ба унвони вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавзеҳоте дар хусуси охирин вазъияти музокироти оташбас дар Ғазза, ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва талошҳои он режим барои тағйири вазъият дар Масҷидулақсо ироа кард.
Алҳия ҳамчунин бо қадрдонӣ аз талошҳои шаҳид Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи пешини Эрон дар ҳимоят аз муқовимати мардуми Фаластин таъкид кард:
Мардуми Фаластин қадрдони ҳимоятҳои доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ормони Фаластин ва муқовимати онон дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо ҳастанд.