Адои эҳтироми Маҷмаъи умумии СММ ба раисҷумҳур ва вазири хориҷаи шаҳиди Эрон
Нишасти вежаи Маҷмаъи умумии СММ барои адои эҳтиром ба Сайид Иброҳим Раисӣ ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён-раисҷумҳур ва вазири умури хориҷаи шаҳиди Эрон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,чарболи ҳомили Сайид Иброҳим Раиси-ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 май дар шимолу ғарби Эрон, дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва суқут кард ва раисҷумҳури ба ҳамроҳи вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил омаданд.
Дар ҳамин росто ҳозирон дар нишасти вежаи Маҷмаъи умумии СММ як дақиқа ба эҳтироми шаҳидон Раисӣ ва Амирабдуллҳиён сукут карда ва истоданд.
Денис Франсис-раиси Маҷмаъи умумии СММ дар ин нишаст гуфт: Мо имрӯз барои ибрози тасалияти амиқи худ ба Эрон дар пайи даргузашти раисҷмҳур Сайид Иброҳим Раисӣ гирдиҳам омадем; Ман маҳорати дипломатии вазири умури хориҷаи фақид Ҳусейн Амирабдуллоҳиёнро таҳсин мекунам.
Намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ ҳам гуфт: Раисҷумҳури фақиди Эрон кумаки шоёне ба иртиқои равобити дӯстона миёни кишварҳои узви ин созмон , ки равобити олии дуҷониба ва чандҷонибаро дар дохили Созмони ҳамкории исломи тасбит кардааст, доштаанд.
Намояндаи Гаити дар суханронӣ аз сӯи гурӯҳи Амрикои лотин ва Кариб гуфт: Шаҳодати раисҷмҳури Эрон шоке барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.
Намояндаи ҷунбиши ғайр мутааҳҳидҳо низ дар ин нишаст гуфт: Эрон таҳти раҳбарии Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён нақш муҳимме дар иртиқои ҳамкории кишварҳои дар ҳоли тавсеа ифо кардааст.
Намояндаи гурӯҳи Африқо дар ин нишаст ҳам изҳор кард: Саид Иброҳим Раисӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон дар таҳкими пайвандҳои Эрон ва Африқо ва тақвияти ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни миллатҳоямон нақши басазое доштанд.
Саид Ереванӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ ҳам гуфт : Мероси шаҳидон Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён ҳамчунон ба мо ангеза медиҳад, то барои минтақа ва ҷаҳони сулҳомезтар ва амнтар талош кунем.