Май 23, 2024 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ин мард ба думболи ҳамгароӣ ва сулҳ буд.

Шабакаи Алҷазира дар гузорише эълом кард: Муқовимати Фаластин имрӯз яке аз бузургтарин ҳомиёни худро ба вежа дар марҳилаи ҳассоси кунунӣ аз даст дод.

 Алҷазира дар матлабе бо ишора ба шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири хориҷаи Эрон ва ҳайати ҳамроҳи онҳо дар ҳодисаи дардноки суқути болгард дар таҳлиле овардааст: Худованд Иброҳим Раисӣ-раисҷмҳур ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷа ва ҳама касоне, ки дар сониҳаи ҳавоии суқути болгард дар шимолу ғарби Эрон ҳузур доштандро биёмурзад.

Албатта баъд аз ин иттифоқи дарднок давлати Эрон ба хубӣ амал ва бо судур баёнияе таъкид кард, ки дар идораи кишвар кӯчактарин нақс ва мушкилӣ вуҷуд нахоҳад дошт ва Эрон ҳамчунон бидуни хастагӣ дар масири иззат ва сарбаландӣ гом бармедорад.

  Алҷазира дар идома ин ёддошти худ ба нақши муҳимми оятуллоҳ Сайидиброҳими Раисӣ дар беҳбуди равобити Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ишора ва таъкид кард: Қобили зикр аст, ки оқои Раисӣ талоши зиёде барои хомӯш кардани оташи ихтилофот бо кишварҳои ҳамсоя кард ва оғозкунандаи раванд оштӣ дар ҳама сатҳҳо бо кишварҳои арабӣ буд. Вай бо барқарории як оштии таърихӣ бо Арабистони саудӣ ба танишҳои тӯлонимуддат миёни Эрон ва Арабистон поён дод. Ў ҳамчунин бо миёнҷгарии Уммон ба самти эҳёи равобит бо Миср ва тармим ва азсаргирии муносиботи дипломатик бо ин кишвар, ки тай чаҳор даҳаи гузашта аз рукуд ва таниш ранҷ мебурд, ҳаракат кард.

 Ин расона овардааст: Оятуллоҳ Раисӣ ҳамчунин бо таъмиқи ҳамкори бо кишвари Алҷазоир дарвозаи бузурге барои густариши равобит бо соир кишварҳои африқоӣ гушуд. Ин иқдом дар ҳоле сурат гирифт, ки Исроил дар соли 2020 равобити худро бо кишвари Марокаш дар Африқо дар ростои тавофуқномаҳои созиш, ки Аморот, Баҳрайн ва Судон низ ба он пайвастанд, оддӣ кард. Ҳамчунин раванди ислоҳи равобит Эрон бо кишварҳои ҳамсоя дар давраи раёсати ҷумҳурии Раисӣ сирфан маҳдуд ба кишварҳои арабӣ нашуд ва Покистон, Афғонистон ва Туркияро низ шомил мешуд.

 Алҷазира гузориш дод: Вазорати хориҷаи Эрон ва ҳамтои покистонии он ба суръат барои ҷилавгирӣ аз буҳрони бархоста аз таҳаррукоти террористӣ дар марзҳои муштарак ду кишвар талош карданд ва дар шароите, ки наздик буд равобити Покистон ва Эрон дучори таниш шавад, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи фақиди Эрон ба Покистон сафар кард ва оташи низоъ ва даргириро фурӯ нишонд.

 Ин шабакаи қатарӣ дар идома ба беҳбуди равобити Эрон ва Туркия дар давраи раёсати ҷумҳурии оятуллоҳ Раисӣ ишора ва гузориш дод: Алорағми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, аммо шоҳиди афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии миёни Анқара ва Теҳрон дар тамоми заминаҳо будем ва ду тараф барои тақвияти муштаракоти сиёсӣ талоши зиёде карданд. Ба вежа дар заминаи ҳимоят аз муқовимати Фаластин, Эрон ва Туркия мавозеъи муштарак иттихоз карданд ва раисони ҷумҳури ду кишвар ба суръат ба он пардохта ва дидорҳои бо мақомоти муқовимати Фаластин аз ҷумла Исмоили Ҳания-раиси дафтари сиёсии Ҳамос доштанд ва ҳимояти қотеъи худро аз Фаластин нишон доданд. Ҳамин масъала чолиши бузурге барои давлати Амрикост, ки саъй дошт Ҳамосро муҷрим(гунаҳкор) ҷилва диҳад.

Дар поёни ин гузориш омадааст: Шумо ҳар тавр, ки мехоҳед метавонед дар баробари Эрон мавзеъгирӣ кунед, аммо лутфан бигӯед оё дар дунё садое баландтар аз садои Эрон дар ҳимоят аз муқовимат дар шароити ҳассоси кунунӣ вуҷуд дорад? Худованд раҳравони роҳи Ҳаққро биёмурзад.

 

Барчасп