Камоли Харрозӣ: Мӯшакҳои баллистикии Эрон ғайриқобили музокира аст; ғанисозӣ идома хоҳад дошт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122990-Камоли_Харрозӣ_Мӯшакҳои_баллистикии_Эрон_ғайриқобили_музокира_аст_ғанисозӣ_идома_хоҳад_дошт
Порс Тудей - Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, шарти ҳар гуна музокира бо Амрико бояд бар асоси риояти асли баробарӣ ва эҳтироми мутақобил бошад.
(last modified 2025-11-19T07:13:13+00:00 )
Ноябр 19, 2025 12:09 Asia/Dushanbe
  • Камоли Харрозӣ: Мӯшакҳои баллистикии Эрон ғайриқобили музокира аст; ғанисозӣ идома хоҳад дошт

Порс Тудей - Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, шарти ҳар гуна музокира бо Амрико бояд бар асоси риояти асли баробарӣ ва эҳтироми мутақобил бошад.

Ба гузориши Порс Тудей, Саидкамоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугу бо СНН, шарти лозим барои ҳар гуна музокира бо Амрикоро риояти асли баробарӣ ва эҳтироми мутақобил хонд ва таъкид кард: Барои равшан будани мавзӯ ва раванди музокира, аз пеш бояд дар мавриди дастури кори музокира тавофуқ шавад.

Харрозӣ афзуд, онҳо бояд аввалин гомро бардоранд ва нишон диҳанд, ки омодаи таъомул бо мо бар асоси шароите ҳастанд, ки мо таъйин мекунем. Вай бо баёни инки барномаи ҳастаии Эрон «бумӣ» аст, гуфт: Ин тавоноӣ дар маҳоратҳо ва дониши донишмандону муҳандисони мо реша дорад ва наметавон онро бо зӯр аз байн бурд.

Вай таваққуфи ғанисозии уранро ғайриқобили қабул хонд ва хотирнишон кард: Мо бояд ғанисозии худро идома диҳем, зеро ниёзманди тавлиди сӯхт барои нерӯгоҳҳои худ ва ҳамчунин фаъолиятҳои пизишкии худ ҳастем. Бинобар ин, наметавонем ғанисозии уранро мутаваққиф кунем, аммо дараҷаи ғанисозӣ метавонад мавзӯи музокира бошад.

Харозӣ барномаи мӯшакҳои боллистики Эронро ғайриқобили музокира хонд ва гуфт: Танҳо масаълае, ки мо омодаи таъомул дар бораи он бо Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва дигарон ҳастем. Масаълаи ҳастаӣ аст. Мо бо дигарон дар мавриди соири масоил, аз ҷумла фаъолиятҳои мушакии худ, гуфтугу нахоҳем кард ва аз ончӣ битавонем дар ҷиҳати иртиқои мӯшакҳоямон анҷом диҳем, ғафлат нахоҳем намуд.

Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин гуфт: Агар Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯйкарди мусбатеро оғоз кунад, қатъан бо бархӯрди мутақобили мо рӯбарӯ хоҳад шуд. Барои ин кор онҳо бояд аз ҳар гуна тавассул ба зӯр алайҳи Эрон худдорӣ кунанд. Онҳо онро қаблан имтиҳон кардаанд ва акнӯн медонанд, ки зӯр коргар нест.