Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Шаҳид Раисӣ хастагинопазир ва мазҳари шиорҳои инқилоб буд
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори хонаводаҳои шуҳадои хидмат,гуфтанд : Шаҳид Раисӣ хастагинопазир ва мазҳари шиорҳои инқилоб буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (шанбе) дар дидори хонаводаҳои шуҳадои хидмат, бо тасалият ба хонаводаҳои ин шуҳадо, кор барои мардум ва хидмат ба мардум ва мардумӣ буданро боризтарин вежаги ин шуҳадо баршумурданд ва гуфтанд: Марҳум, шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ шабу рӯз намешинохт ва ба маънои воқеии калима хастагинопазир буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ , марҳум, шаҳид Ҳусайни Амирабдуллоҳиёнро низ хастагинопазир хонданд ва афзуданд: Шарҳи хадамот ва талошҳои шаҳидон Раисӣ ва Амирабдуллоҳиён дар ҷабҳаи дохилӣ ва дар ҷабҳаи хориҷӣ як достони тӯлонӣ ва муфассал аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба таблиғот ва иддаои душманон мабни бар ҷудоии мардум аз Ҷумҳурии исломӣ ишора карданд ва афзуданд: Ин ҳодиса дар муқобили дидагони ҷаҳониён ва дар амал собит кард, ки миллати Эрон ба раисҷумҳур ва касоне, ки мазҳари шиорҳои инқилоб буданд чӣ дилбастагӣ ва вафодорӣ доранд.
Ишон марҳум Раисиро мазҳари шиорҳои инқилоб хонданд ва таъкид карданд: Шаҳид Раисӣ аз ҳамон ибтидо, ки вориди таблиғоти интихобот шуд, бар рӯйи шиорҳои инқилоб ва суханони Имом такя кард ва ҳамаи дунё ишонро ба унвони раисҷумҳури инқилоб мешинохтанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Вақте мардум ин гуна бо азамат аз ин мард ҳимоят ва таҷлил мекунанд, маънояш ҳимоят аз шиорҳои инқилоб аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин яке аз нукоти барҷаста дар бораи шаҳид оли Ҳошимро тағйири маънои намози ҷумъа хонданд ва хотирнишон карданд: Марҳум оли Ҳошим аз замоне, ки ба имомати ҷумъаи Табриз мансуб шуд ин намозро аз як амали ибодии сирф ба як амали ҷомеъи ибодӣ, маънавӣ, хадамотӣ ва мардумӣ табдил кард.
Ишон кор ва талош барои мардумро аз вежагиҳои мумтози шаҳид Мусавӣ ва шаҳид Раҳматӣ ва шуҳадои кодри парвоз донистанд ва таъкид карданд: Ҳамин рӯҳиёт ва вежагиҳо боис шуд, ки Худованд онҳоро мояи сарафрозии миллати Эрон қарор диҳад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳаракат ва қиёми мардум дар ташйиъи ин шуҳадо дар Табриз, Қум, Теҳрон, Шаҳрирай, Бирҷанд, Машҳад, Мароға, Занҷон ва Наҷафобод гуфтанд: Ин ташйиъи бошукӯҳ нишон дод, ки миллати Эрон зиндааст.