Май 25, 2024 11:35 Asia/Dushanbe
  •  Баргузории маҷлиси ёдбуди шаҳид Раисӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид

Маҷмаъи умумии СММ қарор аст, маҷлиси ёдбуде барои гиромидошти ёди Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури шаҳиди Эрон ва ҳайати ҳамроҳ баргузор кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Саид Иброҳим Раисӣ-ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе (19 маи 2024) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди "Қиз қалъаси" ба самти шаҳри Табриз, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони шарқӣ, шимолу ғарби Эрон, дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва ба ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил омад.

 Ба гузориши ИРНА,Денис Фаронсис, раиси Маҷмаъи умумии СММ рӯзи ҷумъа дар баёнияе аз баргузории маросими ёдбуде дар маҷмаъи умумӣ ба эҳтироми шаҳиди Саид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш  хабар дод ва гуфт: Ин маросим рӯзи панҷшанбе( 30 моҳ май ) соати 10 ба вақти маҳаллӣ ва дар толори аслии Маҷмаъи умумӣ баргузор мешавад.

 Денис Фаронсис асри рӯзи панҷшанбеи гузашта бо ҳузур дар намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Нию-Йорк дафтари ёдбуди дипломатик барои гиромидошти ёд ва хотираи шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ ва низ Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи шаҳидро имзо кард.

 Пеш аз ин Маҷмаъи умумии СММ ба эҳтироми Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳури шаҳиди Эрон ва ҳамроҳонаш аз ҷумла Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар сониҳаи суқути болгард як дақиқа сукут карда буд.

 Пеш аз ин низ Шӯрои Амнияти СММ ба эҳтироми раисҷумҳур ва вазири хориҷаи шаҳиди Эрон ва ҳамроҳонашон дар сониҳаи суқути болгард сукут карда буданд ва парчами СММ низ ба ҳолати нимаафрошта даромад.

 Ҳамчунин то кунун сафирон ва намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон бо ҳузур дар маҳалли намояндагии Эрон дар СММ бо имзои дафтари ёдбуд нисбат ба раисҷумҳур ва вазири хориҷаи шаҳиди Эрон адои эҳтиром кардаанд.

 

Барчасп