Август 16, 2022 13:28 Asia/Dushanbe
  • Нобудии гуруҳи қочоқи силоҳу муҳиммот дар ҷануби ғарбии Эрон
    Нобудии гуруҳи қочоқи силоҳу муҳиммот дар ҷануби ғарбии Эрон

Фармондеҳи интизомии устони Хузистони Эрон аз нобудии бонди бузурги қочоқи силоҳу муҳиммот ва кашфи маҳмулаи сангини силоҳ дар ин устони ҷануби ғарбии Эрон хабар дод.

Баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии исломии Эрон аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаии онон сурат гирифтааст.

Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико фишори ҳаддиаксарии амниятии зидди Эрон шакл гирифт. Дар ин таҳаррукот байни Исроил, Амрико ва Англия ҳамкориҳои густардае ҷараён дорад.

Сардори сартип Сайид Муҳаммади Солеҳӣ, фармондеҳи интизомии устони Хузистони Эрон гуфт, маъмурони полиси Хузистони Эрон бо ашрофу тасаллути иттилоотӣ дар амалиёте барномарезишуда ва дақиқ бонди қочоқи силоҳу муҳиммот, ки бо ҳадафи эҷоди ноамнӣ дар Хузистон иқдом ба вуруди силоҳ ба Хузистон карда буд, шиносоӣ, дастгир ва мунҳадим карданд.

Сардор Солеҳӣ афзуд, дар ин амалиёт ду нафар аз аъзои аслии бонд дастгир ва маҳмулаи сангини силоҳ, шомили 138 қабза туфанги камарӣ, як қабза Семёнов ва як қабза аслиҳаи шикорӣ кашф шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп