Сентябр 13, 2022 19:02 Asia/Dushanbe
  • Оғози суъуди куҳнавардони низомии ҷаҳон дар қуллаи Дамованд
    Оғози суъуди куҳнавардони низомии ҷаҳон дар қуллаи Дамованд

Нахустин рӯз аз суъуди муштараки куҳнавардони низомии ҷаҳон "Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ"  ба қуллаи Дамованд бо мувафақият анҷом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар нахустин рӯз аз барномаи суъуди муштараки куҳнавардони низомии ҷаҳон  "Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ" ба қуллаи Дамованд куҳнавардони ширкаткунанда дар ин руйдоди байналмиллалӣ мувафақ ба суъуд ва истиқрор дар иртиқоъи 4200 метри шуданд.

Генерал Ҳусайни Умедӣ, раиси Созмони тарбиятбадании артиши Эрон дар ин бора гуфт: Дар аввалин рӯз аз барномаи суъуди муштараки куҳнавардони низомии ҷаҳон "Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ"  ба қуллаи Дамованд куҳнавардон аз ҷабҳаи ҷануби ва тарафи ҷануби шарқии куҳи Дамованд суъуди муштараки худро аз боргоҳи аввал ба самти боргоҳи дувум ва иртиқоъи 3 ҳазор метри оғоз карданд.

Раиси Созмони тарбиятбадании артиши Эрон таъкид кард куҳнавардони "Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ"  ҷиҳати омодагии бештар барои суъуди ниҳоӣ ба қуллаи Дамованд ва ҳам ҳавоӣ тамрини муштаракро то иртиқоъи 4500 метри анҷом доданд ва сипас барои истироҳат ва таваққуфи шабонгоҳи ба боргоҳи севвум бозгаштанд.

Куҳнавардони "Шӯрои байналмилалии варзиши ҳарбӣ"  аз бомдоди имрӯз сешанбе талоши худро барои суъуди ниҳоӣ ба қуллаи Дамованд ва фатҳи ин қулла дар иртифоъи 5 ҳазору 600 метри оғоз карданд.

 

Барчасп