Рушди 29 дарсадии тиҷорати ғайринафтии Эрон бо аъзои Шанхай дар баҳори имсол
(last modified Sat, 24 Sep 2022 05:44:52 GMT )
Сентябр 24, 2022 10:44 Asia/Dushanbe
  • Рушди 29 дарсадии тиҷорати ғайринафтии Эрон бо аъзои Шанхай дар баҳори имсол

Мудири кулли дафтари мутолиоти бозорҳои молӣ ва бозаргонии вазорати умури иқтисодӣ ва дороии Эрон аз рушди 29 дарсадии тиҷорати ғайринафтии Эрон бо аъзои Шанхай дар се моҳаи нахусти имсол(1401 шамсӣ) хабар дод.

Дар 22-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба мизбонии кишвари Узбекистон баргузор шуд, узвияти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин созмон эълом шуд.

Маҷиди Каримӣ,мудири кулли дафтари мутолиоти бозорҳои молӣ ва бозаргонии вазорати умури иқтисодӣ ва дороии Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории ИРНА бо баёни инки табодулоти тиҷории Эрон бо аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай рӯ ба афзоиш будааст, афзуд: Дар се моҳаи аввали имсоли тиҷорати ғайринафтии Эрон бо ёздаҳ узви ин созмон, бо рушди 29 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи сол қабл ба рақами 12.34 миллион тон ба арзиши 9.856 миллиард расид.

Каримӣ афзуд, 10 миллиону 213 ҳазор тон коло ба арзиши панҷ миллиарду 514 миллион доллар марбӯт ба колоҳои содиротии Эрон ба аъзои Шанхай буда, ки нисбат ба баҳори соли қабл 20 дарсад афзоиш доштааст .

Ба гуфтаи вай, кишварҳои Чин, Ҳинд, Афғонистон, Покистон, Русия ва Узбекистон ба тартиб панҷ мақсади аввали колоҳои содиротии Эрон дар байни аъзои Шанхай буданд.

Вай гуфт, сулҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва аз ҳама муҳимтар тақвияти короӣ ва нақши Эрон дар тадвини соири ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусӯси Созмони Милали Муттаҳид аз мазоёи узвияти Эрон дар Шанхай аст ва ин ҳамкорӣ дар шароити таҳрим метавонад аҳаммияти мавзӯро беш аз пеш ошкор кунад.