Сентябр 28, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии мақоми Толибони Афғонистон аз меҳмоннавозии Эрон аз муҳоҷирони афғон

Муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибони Афғонистон аз меҳмоннавозии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳоҷирони афғон, қадрдонӣ кард.

Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар маросиме дар Кобул бо қдрдонӣ аз Эрон барои пазириши миллионҳо муҳоҷири афғон дар чаҳор даҳаи гузашта гуфт, афғонҳо фаромӯш кор нестанд ва дар замони муносиб подоши некии кишварҳои ҳамсоя бавижа Эрон ва Покистонро ба хотири меҳмоннавозии муҳоҷирони афғон хоҳанд дод.

Вай дар айни ҳол бар лузӯми баргашти муҳоҷирони афғон ба кишварашон таъкид кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ба мардуми Афғонистон дар заминаҳои мухталиф кумак кардааст.

Аз ҳудӯди чаҳор даҳаи пеш бо ишғоли Афғонистон аз сӯи неруҳои Шуравӣ ва ҳамчунин ишғоли низомиёни амрикоӣ аз соли 2001 , миллионҳо нафар аз Афғонистон овора шудаанд.

Низомиёни ишғолгари амрикоӣ бо иртикоби ҷинояти бешумору нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ ва беҳдоштии Афғонистон дар ниҳоят авохири моҳи августи 2021 аз ин кишвар хориҷ шуданд.

 

Барчасп