Оҳангсози эронӣ номзади ҷоизаи ниҳоии мусобиқаи Ҳолевуд музики 2022 шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i92458-Оҳангсози_эронӣ_номзади_ҷоизаи_ниҳоии_мусобиқаи_Ҳолевуд_музики_2022_шуд
Муҳаммадризои Аждарӣ оҳангсози эронӣ бо оҳанги бе каломи "Нил" ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи Hollywood music award 2022 роҳ ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 11, 2022 06:42 Asia/Dushanbe
  • Барандагони ниҳоии ин мусобиқа шонздаҳуми ноябр ( 25 обон) муаррифӣ мешаванд
    Барандагони ниҳоии ин мусобиқа шонздаҳуми ноябр ( 25 обон) муаррифӣ мешаванд

Муҳаммадризои Аждарӣ оҳангсози эронӣ бо оҳанги бе каломи "Нил" ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи Hollywood music award 2022 роҳ ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ирно, Муҳаммадризои Аждарӣ оҳангсоз, раҳбари уркистер ва пиёнист, имсол бо оҳанги бе каломи "Нил" дар мусобиқаи Hollywood music award  2022 ширкат кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба эломи натиҷаи сездаҳумин давраи мусобиқаи Hollywood music award  2022 ин оҳангсози эронӣ номзади расмии ин мусобиқаи байналмиллалӣ барои дарёфти ҷоизаи ниҳоӣ шудааст.

Барандагони ниҳоии ин мусобиқа шонздаҳуми ноябр ( 25 обон) муаррифӣ мешаванд.

Аждарӣ ҳамчунин дар мусобиқаи байналмиллалии fmcontest 2022  ҳам ширкат карда ва дар ин мусобиқа ба марҳилаи поёни роҳ ёфтааст. Соли гузашта оҳанги "Рақси борон" аз албоми "Муъҷизаи ишқ" бо оҳангсозии Аждарӣ тавониста буд бо суъуд ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи байналмиллалии fmcontest 2021 рутбаи понздаҳумро дар ҷаҳон касб кунад.

Бештар бихонед:

Сози эронӣ дар панҷаи ҳунари сарбози эронӣ + Филм