Видео: Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, шоҳкори меъмори ва кошикории давраи Сафавӣ
(last modified Tue, 11 Oct 2022 06:28:26 GMT )
Октябр 11, 2022 11:28 Asia/Dushanbe
  • Яке аз ҷозибаҳои муҳими устони Исфаҳон, масҷиди Шайх Лутфуллоҳ аст
    Яке аз ҷозибаҳои муҳими устони Исфаҳон, масҷиди Шайх Лутфуллоҳ аст

Сарзамини Эрон ба васъати таърих аст. Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, ҳошкори меъмори ва кошикории давраи Сафавӣ аст.

Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, аз шоҳкоршои даврони Сафавӣ аст, ки сохти он аз соли 1603 шурӯъ ва дар соли 1619 ба поён расид. Ин масҷид, ки дар шаҳри зебои Исфаҳон воқеъ шуда, ба дастури шоҳ Аббоси аввал ва ба дасти меъмори забардаст Муҳаммадризои Исфаҳонӣ сохта шудааст.

Яке аз ҷозибаҳои муҳими устони Исфаҳон, масҷиди Шайх Лутфуллоҳ аст, ки аз меъмории беназири даврони Сафавӣ бархурдор мебошад.

Шоҳ Аббос аввал дастури сохти масҷидро содир ва устод Муҳаммадризои Исфаҳонӣ меъмори чирадаст ва маъруфи он замон, ин созаро тайи 18 сол эҳдос кард. Бо дидори ин масҷид, фурсати боздид аз майдони нақши ҷаҳон, иморати олии Қопу ва масҷиди нақши ҷаҳонро низ доред зеро ҳамагӣ дар ҳамсоягии якдигар қарор доранд.

Бе далел нест,ин  ки шаҳро нисфи ҷаҳон номидаанд, дар ҳар гӯшаи он метавонед осори бостонии қадматдор ва мунҳасир ба фардро бубинед.