Октябр 18, 2022 13:18 Asia/Dushanbe
  • Дар ин ҳодиса дастикам 25 нафар низ захмӣ шудаанд
    Дар ин ҳодиса дастикам 25 нафар низ захмӣ шудаанд

Дар ҳодисаи суқути як фарванд ҷангандаи русӣ дар шаҳри Yeysk 13 нафар кушта ва дасти кам 25 нафари дигар захми шудаанд.

Вазорати дифои Русия рӯзи гузашта, душанбе бо судур бо баёнияе эълом кард, як фарванд ҷангандаи  34 русӣ, пас аз бархурд ба як сохтмони маскунӣ дар шаҳри Yeysk дар наздикии Украина суқут кардааст.

Ба гузориши Спутник мушовири Вазорати беҳдошти Русия дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард: Бинобар ончи вазъияти истирори гуфта, пас аз оворбардорӣ ва поксозии маҳали ҳодиса, ҷасади 13 нафар аз ҷумла се кӯдак дар маҳали ҳодиса кашф шудааст.

Ҳамчунин афзӯд: Дар ин ҳодиса дастикам 25 нафар низ захмӣ шудаанд.

Тибқи ин гузориш, хадамаи ҳавопаймо муваффақ ба хурӯҷи изтирори аз ҳавопаймо шудаанд.

Халабонони ин ҷанганда, иллати суқути ҳавопайморо оташ гирифтани яке аз маторҳои он дар ҳоли бархостан эълом карданд.

Вазорати вазъияти изтирории Русия дар идомаи гузориш дод: Густардагии оташсузӣ дар як сохтмони маскунӣ дар шаҳри Yeysk ду ҳазор метр мурабаъ аст.

Бар асоси эъломи расонаҳои русӣ, 17 опортмон дар ин ҳодиса осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, дар пайи суқути ин ҷанганда, ҳолат фавқулода дар Русия эълом шудааст.