Октябр 28, 2022 18:32 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳодисаи террористии Шоҳчароғ (а)
    Маҳкумияти ҳодисаи террористии Шоҳчароғ (а)

Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ дар Қатъномаи поёнии маҳкумияти ҳодисаи террористии Шоҳчароғ (а) эълом кард: Мо муттаҳами аслии ин ҷиноятҳоро ҳукумати мустакбир ва рӯ ба заволи Амрико ва режими манҳуси саҳюнистӣ ва ҳуккоми дастнишондаи минтақаии истикбор (мусалласи ибрӣ - арабӣ - ғарбӣ) медонем.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар бахше аз Қатъномаи поёнии Шурои ҳамоҳангӣ дар маҳкумияти ҳодисаи террористии Шоҳчароғ (а) омадааст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

«Ва саяъламуллазина заламу ам манқалибий яеқалибун»

Ин рӯзҳо Эрони исломӣ шоҳиди иттифоқоти талху ногуворе буда, ки баёнгари умқи кинаи истикбори ҷаҳонӣ ва муздуронаш аз низоми исломӣ ва мардуми бедору ҳамеша дар саҳна аст.

Миллати бузургу сабури Эрони исломӣ тайи рӯзҳои ахир мавриди ҳаҷмаи ваҳшиёнаи душманон ва дар маърази ҷанги таркибии захмхӯрдагон аз низоми исломӣ қарор гирифтааст.

Ҳамла ба номуси мардум, оташ задани амволи умумиву хусусӣ, ба шаҳодат расондани ҳофизони амният ва беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси каломуллоҳи маҷид ва ҳурматшикании масоҷиду амокин ва машоҳиди шарифа гӯшае аз иқдомоти палиде аст, ки аз сари истисол, тавассути муздурони истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми байналмилали сурат гирифта ва бегумон ҳар як аз инҳо гуноҳи нобахшиданӣ аст, ки қатъан тавассути мардуми ғайратманду ҷавонони барӯманди кишварамон бепосух нахоҳад монд.

Гуноҳи азиму иқдоми палиди ҳамла ба боргоҳи малакутӣ ва қудсии ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо алайҳиссалом ва ҷинояти ҳавлноки ба шаҳодати расондани ҷамъе аз зоирони мазлуми ин ҳарами мутаҳҳар назди ҳар инсони озода маҳкуму нанги абадиро барои омилону заминасозони ин иқдоми террористӣ дар пай хоҳад дошт.

 

Барчасп