Октябр 30, 2022 17:37 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳҳо бо тавлиди илм барои кишвар душманонро ноком гузоштаанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, донишгоҳҳо бо тавлиди илм, барои кишвар қудрат тавлид карда ва душманонро ноком гузоштаанду беҳтарин ҷойгоҳ барои ироа роҳкор ҳастанд .

Саидиброҳими Раисӣ дар дидори раисони донишгоҳҳои саросари кишвар, донишгоҳҳоро марокизи пурнишот ва пӯёӣ донист, ки бо тавлиди илму иртиқои тавонмандиҳои илмӣ барои кишвар, қудрат тавлид карда ва душманони Эронро ноком гузоштаанд.

Дар ин нишаст ва пеш аз суханони раисиҷумҳур, теъдоде аз раисони донишгоҳҳои саросари кишвар низ ба баёни дидгоҳҳо ва назароти худ пардохтанд.

Раисиҷумҳур, сиёсӣ буданро аз илзомоти фазоӣ донишгоҳ донист ва гуфт, сиёсӣ будани донишгоҳ, яъне инки донишгоҳ бояд бештару беҳтар аз ҳар бахши дигари ҷомеъа ва ниёзҳои онро бишиносад ва барои хизмат ба мардум авлавиятҳояшро бо низоми масоили кишвар мунтабиқ кунад.

Раисӣ ҷанги имрӯзро ҷанги ривоятҳо донист ва бар аҳамияти табйини ривояти дурусту содиқ таъкид кард ва гуфт, душман, ки талоши бисёре карда буд то фаъолиятҳои илмӣ, санъатӣ, тавлидӣ ва хадамотӣ дар кишвар мутаваққифу иртибототи Эрон бо дигар кишварҳо қатъ шавад, вақте дар амал худро ноком дид шурӯ ба тавтеъа ва коршиканӣ кард.

Раисиҷумҳур таъкид кард, иртиқои рутбаи илмии донишгоҳҳои кишвар  қобил таваҷҷуҳ аст ва бар хилофи хосту талоши душман барои мунзавӣ кардани кишвар, иртиботот бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа дар ҳоли густариш аст.