Каъонӣ: Мавозеъи Олмон дар қиболи Эрон мудохилаҷуёна аст
Сухангуи Вазораи умури хориҷаи Эрон мавозеъи ахири садриаъзами Олмон дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эронро мудохилаҷуёна, таҳрикомез ва ғайри дипломотиш донист.
Носири Канъони сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳор кард бархи муддаиёни ҳуқуқи башар бо фаромушии корномаи торики худ дар қиболи мардуми Эрон дар ҷараёни ҳимояти кур ва ғайри инсонӣ аз режими Садом, ҳамроҳи бо таҳримҳои золимонаи пай дар пай хуруҷи Амрико аз БарҶом ва низ сукут дар баробари иқдомоти террористии ДИИШ, ки охирини он ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳари Шоҳчароғ буд, ҳуқуқи башарро дастмояи бозиҳои сиёсӣ карданд.
Канъонӣ афзуд: Иродаи Эрон дар мабонии бунёдини ҳуқуқи башар аз ҷумла каромати инсонӣ муқобила бо зур ва дифоъ аз мазлум ҳамвора мубтани бар асл масъулиятпазир буд ва ин дар ҳоле аст, ки Олмон бо фирор аз масъулияти байналмиллалии худ дар эҳтиром ба ҳақи ҳокимятии кишварҳо зимни паноҳ додан ба гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаби душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва низ иттихози руйкарди гузиниши ва дугона дар баробари ҷинояти режими кудакуши саҳюнистӣ дар гушаву канори ҷаҳон аз ҷумла Фаластин худро ба унвони мудофеъи ҳуқуқи башар муаррифи мекунад.
Канъонӣ бори дигар мақомоти Олмонро ба бозгардондани ақлоният ба фазори равобит ва пешгири аз ошуфтагии бештар муносиб бо тавсия ва хотирнишон кардан эҳтиром ва манофеъи мутақобил танҳо роҳ дар масири ҳамкории пойдор аст.