Вокуниши сухангӯи вазроти умури хориҷа ба тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ
(last modified Thu, 17 Nov 2022 08:24:02 GMT )
Ноябр 17, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сухангӯи вазроти умури хориҷа ба тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ

Сухангӯи вазроти умури хориҷаи Эрон, тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони милал ва тарҳи ин қатънома бо ҳимояти Канада ва бархе кишварҳои ғарбӣ ва такрори иддаоҳои бе асоси мубтанӣ бар иттилооти нодурустро фоқиди ваҷоҳати қонӯнӣ ва аз асос мардӯд донист.

Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ ва чунин иқдомоти ғайри созандае на танҳо кумаке ба иртиқои вазъияти ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳонӣ намекунад, балки сирфан мӯҷиби истимрори тавассул  ва барчасбзании сиёсӣ алайҳи кишварҳои мустақил мешавад.

Канъонӣ бо ишора ба талоши кишварҳои ғарбӣ ба истимрори пружаи Эронҳаросӣ ва бадномсозии Эрон, афзуд, ин кишварҳо, ки собиқаи тулонӣ дар нақзи систематии ҳуқуқи башар дошта ва мардуми саросари ҷаҳон таҷрибиёти талху газандае аз дахолатҳои онон дар хотир доранд, дар ҷойгоҳе қарор надоранд, ки ба давлат ва мардуми Эрон тавсияҳои ҳуқуқи башарӣ дошта бошанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷа ҳамчунин бо яксӯя ва ғайри воқеъбинона донистани ин қатънома, иқдоми давлати Канада ва дигар бониёни ин қатънома, ки мисдоқи боризи сӯиистифода аз мафоҳим ва арзишҳои мутаъолии ҳуқуқи башарӣ барои пешбурди ағрози кӯтаҳбинонаи сиёсиастро маҳкӯм карда ва онро фоқиди машрӯъият ва эътибор донист.

Канъонӣ афзуд, Эрон низоми мубтанӣ бар мардумсолории динӣ аст ва ҳамвора ва ҳамеша дар амри иртиқои ҳуқуқи башар ва амал ба тааҳҳудоти байналмилалии худ комилан ҷиддӣ буда ва омодааст то бар асоси усӯли мутаъолии худ дар ҷиҳати иртиқои ҷойгоҳи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон гуфтугӯ ва ҳамкориҳои созандаеро дар чорчӯби эҳтироми мутақобил, баробарӣ ва адолату инсоф ва дур аз ағрози сиёсӣ бо тамомии созу корҳои машрӯъи байналмилалӣ бо кишварҳои алоқаманд ба таҳкиму ҳимояти воқеӣ аз ҳуқуқи башар дошта бошад.